Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чизу чораатро бурда мону камтар дам гир. Метавонӣ аз пагоҳ котибии худатро иҷро кардан гирӣ. Мирбадал эҳтимол ҳозир дар ноҳия бошад. То бегоҳ дар ин хусус ба ҳеҷ кас даҳан во накарда ист.
– Не, акои Одил, котибиро монед акнун, – гуфт Мамараҷаб.
– Барои чӣ?
– Ин дастони ба қундоқи милтиқ одаткарда акнун дастаи каландро ҳам як дошта бинад, – Мамараҷаб кафҳои пӯсташ пухташудаи дағар – буғури худро ба ҳам молиш дода гуфт.
Одил Саркор ба пои ланги ӯ ишора карда пурсид:
– Охир бо ин аҳвол чӣ хел каланд зада метавонӣ?
– Э, акои Одил, ҳоло-ку ин, дар фронт одамон бо як даст монда ҷангро давом медоданд... Наход ман дар ин майдони кор аз ӯҳдаи каландзанӣ набароям?
– Хуб, агар аскарӣ ба ту ҳамин қадар азму қувва дода бошад, мо ҳам дучанд зиёд шудани онро талабгорем, ихтиёрат, писар.
– Саломат бошед, – гӯён Мамараҷаб кӯлборашро гирифту аз ҷояш хеста ба роҳ даромад. Одил Саркор то дар байни пахтазор ғоиб шудани Мамараҷаб, ӯро бо нигоҳи хушнуди худ гусел мекард...


Ҳамон рӯз бегоҳӣ Мирбадал аз ноҳия баргашта, аз пеши идораи колхоз гузашта рафта истода буд, ки посбони идора ба ӯ аз омадани Мамараҷаб хабар дод ва дар идора будани ӯро гуфт. Мирбадал саросема ба идораи колхоз даромад. Дар идора назди мизи хатнависии котиб Мамараҷаб сархам китоб мехонд. Чароғи чилуми мудаввар ба рӯи китоб ва ба мӯю пешонаи Мамараҷаб равшанӣ меафканд. Мамараҷаб аз дари идора даромадани Мирбадалро пай набурд ва сар аз китоб набардошт. Баногоҳ бо овози пурҳаяҷони гиряолуд номи ӯро гирифтани Мирбадал ҳамон замон Мамараҷабро якбора аз курсии нишастааш бархезонд.

пешина
аз 333
навбатӣ