Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Вай ин хиҷолати худро рӯпӯш карданӣ шуда гуфт:
– Шумо ҳам ман барин дар аввал муаллим гумон кардед-а?
– Ҳа, охир, чанд вақт боз, ки ягон хату хабар намефиристад, ҳушу хаёламон ба ҳамон шуда мондааст, – ҷавоб дод Одил Саркор, – мумкин аст, Мамараҷаб аз вай ягон дарак оварда бошад?
– Не, ман ҳам аз рӯзи ба госпитал рафтанам аз ӯ ҳеҷ хабар надоштам, – ҷавоб дод Мамараҷаб.
– Хайр, ҷонаш амон бошад, мудир ҳам ҳамин хел як рӯз не, як рӯз даромада меояд.
Сухани «ҷонаш амон бошад» дили Зебиро ба ларза овард. Одил Саркор дар чеҳраи Зебӣ маъюсиро мушоҳида кард ва гапро ба дигар тараф гардонда пурсид:
– Ҳа, коратон тамом шуд, хоҳарам, майдони охирро ҳам каланд карда, об сар додетон?
Зебӣ ба ин пурсиши Одил Саркор ҷавоб дода, барои чӣ кор хона рафта истода, ногоҳ ба Мамараҷаб рӯ ба рӯ омадани худро гуфту дар охир пурсид:
– Ба ман кор надошта бошед, равам?
– Хатҳои навишташударо бегоҳӣ ман ҳам як бинам,
– гуфт Одил Саркор.
Зебӣ «хуб» гӯён рафт. Дар лаби ҷӯйбор Одил Саркор ва Мамараҷаб танҳо монданд. Онҳо дар зери яккабеде, ки ба як тарафи замин соя меафканд, нишаста гуфтугӯ мекарданд. Мамараҷаб ҳамаи шикояту мақсадҳои худро, ки дар мактуби ба номи Зебӣ навиштааш изҳор карда буд, ба Одил Саркор ҳам муфассал гуфта дод. Одил Саркор дар охири сухан чашмони худро бо андешаи амиқ ба дуродур дӯхта гуфт:
– Мирбадал не, каждуми таги бӯрё будаасту худи мо ҳам нафаҳмида гашта будаем... – Одил Саркор аз он, ки то ин вақт «аз рӯ шона, аз таг фона» зада гаштани Мирбадал бармаҳал хабардор нашудааст, асабӣ шуда, ба ғазаб омад. Вай дар ҳамин вазъият боз қадре хомӯш истоду баъд ба Мамараҷаб рӯ гардонда гуфт: – Хуб кардӣ, ки аз баҳри ин хел амаки сияҳдил гузаштӣ. Аз гови шохзан оғили холӣ беҳ аст, мегӯянд... – Одил Саркор боз камтар истода гуфт: – Мана ин калиди идораи колхоз, мизи худат ҳоло ҳам холӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё