Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Вай ҳам нозбардори худро медонад, муаллима... – бо як ҳасад гуфт Мамараҷаб.
– Нисбат ба модаре, ки умраш ба як ҷо расида мондааст, магар ин хел ноз карданҳо аз рӯи инсоф аст?
– боз сирри дили худро пинҳон карданӣ шуд Зебӣ.
– Ҳа, рост, албатта ба дили модар ин хел нозҳо намеғунҷад, аммо...
Чӣ маъно доштани давоми сухани Мамараҷабро пай бурда, Зебӣ дарҳол саволи дигар дод:
– Чаро бо шинелу борхалта рост ба ин тараф омадед, магар роҳи хонаи амакатонро гум кардед?
Мамараҷаб аз ин пурсиши кунҷковонаи Зебӣ қиёфаи ҷиддӣ гирифта ҷавоб дод:
– Ҳа, аз рӯзе ки аз Ҷӯйбор баромада рафтам, он роҳро гум кардам, оё шумо инро пештар намедонистед?
– Донам ҳам, боз аз рӯи эҳтиёт пурсидам, ки якбора чӣ хаёлу андешаҳо котибро ба ин аҳд водор карда бошад.
– Биёед монед, коҳи кӯҳнаро бод надиҳед, муаллима, калла дар тани ману калидаш дар дасти бегонагон гашта будааст, нафаҳмидаам...
Дар болои ҳамин гап аз пайраҳае, ки он ҷо Мамараҷаб аз рӯ ба рӯи Зебӣ баромада буд, Одил Саркор намоён шуд. Вай дар китф каланд дошт, бари ҷомаи кориаш ба миёнбандаш халонда шуда, шалворпочааш то зону барзада шуда буд. Ӯро пеш аз Мамараҷаб, ки пушташро ба он пайраҳа гардонда меистод, Зебӣ дид ва дарҳол Мамараҷабро хабардор кард. Мамараҷаб ба сӯи Одил Саркор рӯ гардонда буд, ки Одил Саркор қадаммониро тез карда, аз даҳ-понздаҳ қадам «Мудир ё каси дигар?» – гӯён овоз баровард. Вақте ки Мамараҷаб ба пешвози Одил Саркор се-чор қадам ниҳод, Одил Саркор каландро ба замин монда, хандида – хандида пеш омад:
– Э..э, Мамараҷаб-ку, эҳ ёдат ба хайр, котиб, бале, писар, бале, – гӯён сар то по ӯро аз назаргузаронда, бо самимият мулоқот кард. Пас аз пурсупосу ҳолпурсӣ, Одил Саркор як ба Зебӣ ва як ба кӯлбору болопӯш ва худи Мамараҷаб нигоҳ кард. Зебӣ аз танҳо дар ин ҷо истодани худ хиҷолат кашидагӣ барин менамуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё