Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ба полкашон хат карда будам, ба госпитал фиристодаанд, – ҷавоб дод Мамараҷаб сарашро поён фуроварда.
Зебӣ, ки то ҳол аз Мамараҷаб ягон хабари нави хуш умед дошт, аз парешонҳол ҷавоб додани вай бештар маъюс шуда, бо овози аламнок гуфт:
– Ба мо ҳам ҳеҷ хабар нест.
– Аз госпитал ҳам? – пурсид Мамараҷаб бо кадом як хавотирии ботинӣ ва худаш аз ин савол пушаймон шуда, илова кард, – баъзан захмдорон аз госпитал ба госпитал кӯчида, ба хат навиштан ҳам фурсат намеёбанд.
Саволи «аз госиптал ҳам» якбора ба дили Зебӣ ваҳм андохт. Вай эзоҳи Мамараҷабро гӯш накарда, ба изтироб афтода пурсид:
– Аз госпитал чӣ менавиштанд?
– Не, ман мехостам донам, ки худи ӯ аз госпитал хат нанавиштааст? – ба сухан маънои дигар дод Мамараҷаб.
– Ҳатто фармондеҳи ротааш ҳам дар куҷо будани муаллимро пурсида мактуб навиштааст.
Мамараҷаб пас аз ин хабари нави Зебӣ чизе нагуфта хомӯш монд.
– Дар госпитал ягон шабе набуд, ки ӯро хоб набинам, – гуфт Мамараҷаб баъд аз каме хомӯшӣ.
– Чӣ хоб медидед? – пурсид Зебӣ.
– Дар хобам гӯё ба Ҷӯйбор омада бошад, ба пешвози вай тӯю тамошоҳо дода бошанд.
– Коре карда тӯю тамошои хоб азои бедорӣ нашавад...
– Хоби мард рост мебарояд мегӯянд, эҳтимол, вай ҳам пагоҳ – бегоҳ баногоҳ омада монад, муаллима, – бо дилдорӣ ва самимият гуфт Мамараҷаб.
Бо мулоҳизаи он, ки гуфтаи Мамараҷаб эҳтимол рост барояд, Зебӣ аввалин бор дар назди вай бо чеҳраи кушод, як кунҷи муҳаббати нисбат ба Сафар доштаашро ошкор карда гуфт:
– Набошад, худро ин қадар азизу ширин карда, коми дар ин ҷо будагонро талх кардани он кас ба чӣ мақсад бошад?..

пешина
аз 333
навбатӣ