Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Пас аз ҳамин ҳам Зебӣ хомӯш монда, чӣ гуфтанашро намедонист.
– Нашинохтед? – пурсид боз он шахс ва илова кард,
– албатта намешиносед, дар ин моҳҳои ғоиб буданам фақат афту андомам не, балки гашту рафторам ҳам бояд дигар шуда бошад.
Зебӣ боз ҳам нашинохт.
– Наход ҳоло ҳам маро чашми дидан надоред, муаллима? – лангида-лангида ду-се қадам пештар омад он шахс.
Зебӣ, баробари пештар омадани вай, боз бо ҳарос худро ба қафо кашиданӣ шуд. Аммо дар пеши чашмони ӯ торафт аёнтар гаштани кӣ будани он шахс ӯро аз қафонишинӣ боздоштанд. Дар пеши вай ҷияни Мирбадал – Мамараҷаб меистод.
Дарҳол ба хотири Зебӣ мактуби навакак ба дастрасидаи Мамараҷаб, ба гуноҳҳои худ иқрор гашта, ба Сафар дӯсти наздик шудани вай омаданд ва ӯ акнун худро ба даст гирифта, аввал ба сари синааш ду-се бор ту – туф карда монду аз рафтори худ хиҷолатманд шуда гуфт:
– Аз они худӣ-ку, банохост дида кӣ буданатонро надонистам... Салом, котиб, мондаҳо, саломат омадед?
Аз куҷо?
Мамараҷаб баъд аз пурсупоси Зебӣ, хушҳол шуда табассумомез ҷавоб дод:
– Аз госпитал.
– Ба рухсатӣ баромадед?
– Тамоман ҷавоб доданд, пои ростам камтар кӯтоҳ шуда монд.
Зебӣ бо афсӯс дилдорӣ дод.
– Хайр, ҳеҷ воқеа не, ҷонатон саломат мондааст, ҳаминаш давлати калон. – Баъд ба унвони Сафар ишора карда гуфт: – Кошкӣ дигарон ҳам шумо барин саломат даромада меомаданд.
– Аз муаллим хату хабар ҳаст? – аз маънои сухани охирини ӯ пай набурда пурсид Мамараҷаб аз Зебӣ.
– Оё шумо аз ҳамон тарафҳо дарак накардед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё