Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Баъд ҳар се ба се тараф ҷудо шуда рафтанд: Бобо ба сари звенои мардон, Умрихола ба сари звенои занон, Зебӣ бошад, ба тарафи қишлоқ.
Зебӣ хаёлпарешон, чӣ хел қадаммонии худро надониста, лаб – лаби ҷӯйборе, ки аз он ба пахтазор шилдир – шилдир об ҷорӣ мешуд, ба тарафи деҳа мерафт.
Хасу хошоке, ки аз тасфи офтоби саратон заб – зард хушк шуда буд, аз зери маҳсии кӯҳнаи кории чокҳояш кандаи Зебӣ ба кафи пои ӯ мехалид.
Аммо фироқи ёр ва бедарак шудани вай, ҳар гуна гумонҳои бад ба дили ӯ аз ин хору хасҳо ҳам зиёдтар неш мезаданд. Зебӣ, ҳарчанд ин хаёлҳоро аз сар дур карданӣ шуда, фикри худро ба дигар чизҳо банд карданӣ бошад ҳам, вале боз кадом як қуввае ҳамаи ҳушу хаёли ӯро ба сӯи ҷабҳа, ба бемористон, ба Сафар мекашид...
Вай бо ҳамин парешонӣ қариб роҳро нисф карда буд, ки аз пайраҳа баногоҳ касе дар масофаи панҷшаш қадам аз рӯбарӯи ӯ баромада, хомӯш рост истод.
Зебӣ аз ин ҳодисаи ногаҳонӣ як қад парида беихтиёр як қадам ба қафо гузошту дар ҷояш шах шуда монд.
Чашмони ҳаросидаи ӯ ба он шахс дӯхта шуда бошанд ҳам, кӣ будан ва аз куҷо пайдо шудани онро надониста монд. Дили бе ин ҳам дардманди вай чунон беқарор мезад, ки нафасгириаш душвор мешуд.
Баъд аз он, ки дақиқае дар ҳамин вазъият хомӯш истод, шахси рӯбарӯ бо овози мулоими ларзон гуфт:
– Салом, муаллима.
Баъд аз ин саломи вай, Зебӣ базӯр тарсу ваҳми худро каме фурӯ нишонда, ба он шахс боз дурусттар чашм дӯхт. Рӯ ба рӯи Зебӣ ҷавонмарди лоғарандоми рангаш зардчатоби дар танаш либоси хокиранг, дар по мӯзаи аскарӣ, дар сар пилотка, дар як тарафи китфаш кӯлбор, дар як дасташ болопӯши аскарӣ рост меистод.
Вай гоҳ табассум мекард, гоҳ аз ҳаросон мондани Зебӣ дар ҳайрат афтода, қиёфаи ҷиддӣ мегирифт.
Вақте ки Зебӣ он шахсро сар то по аз назар гузаронд, дар охир чашмони вай ба нишоне, ки дар сари синааш аз шӯълаи офтоб ҷило медод, афтод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё