Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Хайр, – гуфт ҷаҳли худро зер карда Юнусбобо, – то ҳамин вақт меҳри нисбат ба Сафар доштаи маро шумо надониста бошед, аввалаш Худо, дуюмаш худи писаратон хуб медонад.
– Одами меҳрдошта аз ҳама пештар ҷангравии ӯро тарафдорӣ намекард, – гуфт Умрихола бадтар бо сӯзу гудоз гап зада.
– Холаҷон, ба шумо чӣ шуд? – гуфт Зебӣ аз гапҳои беҷои Умрихола бесаришта шуда. – Наход ба шаъни Бобо ҳамин хел гапҳоро раво бинед.
Ба Юнусбобо сухани ноҳаққи охирини Умрихола ончунон сахт таъсир кард, ки беихтиёр дар милки чашмони вай ашк ҳалқа зад.
– Хоҳар, то ҳамин синну сол расида, аз ҳеҷ кас ин қадар таънаю ҳақорати сахт нашунида будам. Илоҳӣ писаратон сиҳату саломат баргашта биёяду ҳамаи таънаю бӯҳтонҳои ноҳаққатон дар рӯйи худатон монад. Ҳозир аз дасти ман дигар хеҷ чиз намеояд.
– Сиҳат бошад, ҳоҷати ин гапҳо ҳам намебуд, – гуфт Умрихола.
– Ҳеҷ кадом модар шумо барин аз аҷал пештар фотиҳа намехондагист... – илова кард Юнусбобо аз ҷояш хеста ва ба Зебӣ нигоҳ карда гуфт: – Духтарам, худи ҳамин рӯз дарак карда аризаю хат навис, зоро, ки ягон хабари нек расида монад.
– Хӯш, баъди кор рафта менависам.
– Майлаш, ҳозир равӣ ҳам мешавад, корро худамон ҳам мекунем. Худаш ҳам наздик як гектар замини каланднакарда монд. Модарро ҳам ҳамроҳ гирифта бар.
Ҳозир ба назари ин кас кор ҳам наменамояд, – гуфт Бобо.
– Чаро кор ба назарам наменамудааст? – эътироз кард Умрихола аз ҷо бархоста. – Акнун аз ҳамин кори ба хотири писарам дар қатори мардум саркардаам ҳам рӯ гардонда, таънаи дигарҳоро шунавам-мӣ?..
– Ихтиёратон, – ҷавоб гардонд Бобо.
Зебӣ аз ин сухан ва рафтори Умрихола ҳам мамнун мешуд ва ҳам ба чеҳраи ғамгин ва чашмони ашколуди вай бо тааҷҷуб нигоҳ карда меистод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё