Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Ана ҳамин гуноҳҳоро ман кӯр – кӯрона бо маслиҳати амакам кардам. Хуб шуд, ки хизмати аскарӣ маро аз вай ҷудо карду ақлу ҳушамро ба ҷояш овард.
Агар насиб бошад, як рӯз не, як рӯз ҳамон марди фитнаангези маккорро, ки мехост маро ба бадбахтиҳо гирифтор кунад, бо дасти худам ҷазо медиҳам.
Муаллима! Шуморо хоҳарам гӯям, хафа нашавед.
Албатта суроғаи нави Сафарро фиристонед ва агар хат нависад, ҳамаи гуфтаҳои маро ба вай нависед. Нависед, ки Мамараҷаб Юсуфов – ҷанговари отделенияи Сафар Одинаев дар госпитал табобат меёбад, аз рӯи гуфтаи духтурҳо ҳозир пои ростам се сантиметр кӯтоҳ аст. Намедонам охираш чӣ мешавад...
Аз ман ба модари Сафар – Умрихола, ба Юнусбобо, ба раис ва Одил – ака салом расонед.
Бо саломи аскарӣ
Мамараҷаб.
12 июли соли 1942».
Зебӣ мактубро хонда шуда буд, ки ҳар сеяшон як нафас хомӯш ба ҳамдигар нигоҳ карда гирифтанд.
Чунонки «дарди кампир – ғӯза» мегӯянд, модари Сафар аз ин мактуби Мамараҷаб боз ба таври худ хулосаҳои дигар бароварда, ҳасратомез оҳ кашида гуфт:
– Бечора фарзандам ҳамин қадар бетолеъ будааст, ки дар болои сараш ақаллан ягон ҷӯрааш ҳам набудааст.
– Ана акнун, – гуфт Юнусбобо боз ба ҷӯш омада, – деҳ куҷою дарахтон куҷо. Мардак дар чӣ хаёлу шумо дар чӣ хаёл.
– Дарди ҳар кас дар дили худаш, додар, – гуфт Умрихола, – писари шумо мешуд, шумо ҳам аз ман бадтар бетоқатӣ мекардед.
Ин таънаи тунду тез, ки Умрихола ҳамин қадар вақт инҷониб авалин бор изҳор кард, ба Юнусбобо бисёр сахт расид. Авзои ӯ дарҳол беҷо шуда, аввал рангаш париду баъд тамоми аъзои баданаш қӯра барин сӯхт.
Зебӣ аз ин вазъияти Бобо пай бурда ба ӯ чашмакзанон «шумо вазнин шавед» гуфтагӣ барин кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё