Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

аз мазмуни он бехабар, «Ин хати Мамараҷаб»
гуфту диққати ҳар дуи онҳоро ба худ ҷалб кард.
«Муаллимаи мӯҳтарам! Аввало ба шумо саломи беғараз ва софдилонаи аскарӣ мерасонам. Албатта, баробари расидани ин мактуб дарҳол ба пеши назари шумо ҳамон Мамараҷабе намоён мешавад, ки як вақтҳо ба қаҳру ғазабатон гирифтор шуда буд... лекин, хоҳишмандам, дар вақти хондани ин хат Мамараҷаби аввалҳо аз дунё бехабарро не, Мамараҷаби дар майдони ҷанг чашмаш кушодашуда, ҷӯраи наздики Сафарро ба пеши назар оред.
Ман то ин вақт сафед чию сиёҳ чӣ, фарқ накарда гашта будаам. Ҳатто саҳл монда будааст, ки бо касофати як хел маслиҳатчиҳо худам ба худам чоҳ канам.
Канӣ акнун ҳозир ҳамон «маслиҳатчӣ» дар пешам бошаду барои маро ҳамин қадар ба роҳи торик андохтанаш қасос гирам.
Муаллима! Мехостам ҳамин хатро аввал ба Сафар, ки то ҳол аз вай ноҳақ домангир шуда гашта будам, нишон диҳам. Чунки ман дар назди вай гунаҳкори калон буда, то ба қарибӣ ӯро душмани худ медонистам.
Лекин вай ҳам ба госпитал рафтааст. Баъд хостам, ки ба шумо, ба воситаи шумо ба тамоми роҳбарони колхозамон гуноҳхои худамро гӯяму узр пурсам.
Айби якумам ҳамин, ки вақте одамҳо дар ғаму ғуссаи ба ҷанг фиристодани писару додарони худ буданд, ман боз бе ҳеҷ андешаю мулоҳиза дуюмин бор ба сари шумо хостгор фиристодам...»
Дар ҳамин ҷои мактуб Юнусбобо ва Умрихола ба қиёфаи Зебӣ нигоҳ карда монданд. Зебӣ аз шарм ба куҷо панаҳ кардани рӯи оташгирифтаашро надониста, хатро тез – тез мехонд.
«Айби дуюмам ҳамин ки, ман хонадоршавиро аз хизмати ҳарби афзал шумурдам. Айби сеюмам ҳамин буд, ки Сафари беғараз ва худи шуморо, баъд аз барор нагирифтани матлабҳоям рақибу душман медонистам.
Айби аз ҳама сахттарам бошад, ҳамаи ақлу ихтиёрамро ба дасти амаки сиёҳдилам супурда, бо маслиҳати вай аз қонуну талабҳо рӯ гардонда, бо худамро маъюб кардан аз хизмати ҳарбӣ монданӣ шудам.

пешина
аз 333
навбатӣ