Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Барои ин баъзан аз ҳамкасбҳои мо – хаткашонҳо домангир шавед, ҳам меарзад. Хусусан кори хаткашони майдони ҷанг ҳазил не, ҷонбозӣ гӯед ҳам, кам. Эҳтимол, хати писари шумо ҳам ҳамин хел дар ягон ҷо хато хӯрда мондагист, оча. Сабр карда умеду боварии некро аз даст надиҳед.
Ин гуфтаҳои сидқидилонаи Ҳодикӯса на ба як модари Сафар, ба дигарон ҳам маъқул афтода, ҳама гапи ӯро тасдиқкунон Умрихоларо тасаллӣ медоданд. Бо вуҷуди ҳамин, Юнусбобо оҳиста аз Зебӣ санаи мактуби охирини Сафарро пурсид. Зебӣ тахминан рӯзҳои аввали июнро гуфт. Баъд Умрихола дарҳол аз кӣ будани мактуби дуюмро пурсид.Зебӣ ҷавоби дурӯғ гуфтанро муносиб надид ва дар баробари ҳамин дар пеши дигарон номбар кардани соҳиби он мактубро ҳам ҳеҷ намехост.
– Ин ҳам аз ҷӯраҳои муаллим. Ба хаташ нигоҳ ҳам накардаам, – ҷавоб дод Зебӣ, чӣ гуфтанашро надониста.
– Канӣ бинед, аз кӣ будааст, чӣ навиштааст?
Боз модари Сафар ба паҳлӯи Зебӣ омада ӯро танг мекард.
Зебӣ дар назди модар мактубро кушод. Мактуб хеле дароз навишта шуда буд. Зебӣ зуд ба ин ва он саҳифаи мактуб чашм давонду «Ин ҳам ҳамон барин суроғаи муаллимро мепурсад» гуфта монд. Модари Сафар бошад, Зебиро ба ҳолу ҷонаш намонда, мазмун ва соҳиби мактубро саҳеҳтар фаҳмиданӣ мешуд.
– Кӣ мепурсад, номаш ҳаст ё не?
– Ҳозир, дигарҳо ба кор хезанд, – гуфт оҳиста ба гӯши модар Зебӣ, – баъд ба худатону Юнусбобо хонда медиҳам.
Юнусбобо зуд аз матлаби Зебӣ пай бурда, ҳамаро ба кор даъват кард. Баъд аз ба кор рафтани аъзоёни бригадаи Юнусбобо, Ҳодикӯса ҳам ҷои раис рафтаро пурсида, ба «тулфораш» савор шуд.
Пас аз он ки дар зери сояи дарахти бед Умрихола, Юнусбобо ва Зебӣ танҳо монданд, Зебӣ мактубро кушода,

пешина
аз 333
навбатӣ