Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҷӯрагии мо то ба он дараҷае, ки гапҳои ба шумо зарурро пурсида фаҳмам, нарасида буд, – ҷавоб дод Дадабой ҳам бо киноя, – минбаъд дар ёдам бошад, пурсида мегирам. Дар бораи худи ман пурсед, ана ман якта намонда, ҳамаашро гуфта медиҳам.
Зоя ба Дадабой нигоҳи тааҷҷубомезе кард. Дадабой бошад, ин нигоҳи ӯро чун ишораи «гап занед» фаҳмид.
– Шарик надорам, ягон бону ҳам надорам. Аз чор тараф ихтиёр ба дастам. Боз чӣ гӯям?
– Шуд, ҳозир ҳаминаш ҳам кифоя, – ҷавоб дод Зоя кӯрпаро ба сари синаи Сафар боло кашида.
Дадабой бошад, барои он ки нисбат ба худ диққати Зояро зиёд кунад, дар ҳолати беморӣ ҳам ҳозирҷавобиро аз даст надода бо ҳар баҳона ӯро ба гап водор мекард.
– Аз он вақте ки дар Сталинобод будед, худатонро хеле гирондаед-а, Зояхон?
– Ошиқ шудаам... – бо шӯхӣ гуфт Зоя.
– Ошиқ шудаед, ба кӣ?
– Ба як писари чашмсиёҳ.
– Вай кадом писари хушбахт будааст?
– Чаро хушбахт?
– Охир... шумо барин духтари нозанин насибаш гардад...
– Агар ҳамон каси ошиқшудаам шумо бошед-чӣ? – гуфт Зоя шӯхӣ карда.
– Канӣ, кошкӣ... Худам ҳам шуморо дидан интараф хаёл мекунам, ки шабу рӯз аз паҳлӯякатон дур нашавам...
Зоя беихтиёр баланд хандид. Баробари хандаи вай Сафар як қад парида чашмонашро калонтар кушоду боз пӯшид. Зоя аз хандаи беҷои худ ҳам хиҷолат кашид ва ҳам бадқаҳр шуд. Дадабой бошад, аз ҷояш давида бархосту ба болои сари Сафар омад. Сафар бо синааш вазнин – вазнин нафас кашида, ҳар замон бо зӯр нолиш мекард.
– Қариб ба худ омада истодааст, Зоя, – гуфт Дадабой оҳиста.
– Тсс, безобита накунед, дар ҷоятон шинед.
Сафар боз дасти Зояро, ки дошта буд маҳкамтар

пешина
аз 333
навбатӣ