Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Сафар дар бораи худ фикр мекард: Агар Ҳокимияти Шӯроӣ намеомад ҳозир тақдири вай чӣ мешуд? Албатта дар даргоҳи кадом як бой муздурӣ мекарду бесавод, нимгуруснаю нимбараҳна мегашт. Фашистон ҳам мехоҳанд одамони шӯроиро ҳамин гуна ғулом гардонанд.
Аз ин ёдовариҳо якбора аъзои бадани ӯ ваҷаррос зада рафту худ ба худ гуфт: «Не, ҳаргиз ин тавр нахоҳад шуд! Ба ин гуна «тартиботи нав» дар ин сарзамини шӯроӣ дигар ҳеҷ гоҳ ҷой нахоҳад буд!»
Сафар халтачаи гулдӯзиро аз рӯи миз ба даст гирифт. «Барои хотираи нек аз Вера ба Аркадий»
навишта шуда буд дар халтача бо абрешим.
– Косенкои хоксори меҳрубон! – аз фикр гузаронд Сафар. – Бо чӣ орзую умедҳо зани ту инро навишта, чӣ қадар ашки алам рехта бошад! Дигар ту дар сафи мо нестӣ. Вера ҳоло аз ҳалокати ту бехабар аст... Кӣ медонад, эҳтимол, худи Вера ҳам ҳозир зинда набошад.
Аз бомба ва ё аз ҳамлаи танки фашистон гурехта, дар роҳ ё дар пеши остонаи хонааш ба марги бемаҳал гирифтор шуда бошад ҳам, аҷаб нест. Ин аст «тартиботи нав», ки фашизм мехоҳад дар рӯи замин ҷорӣ созад!
Сафар пилтасӯзи аз гулӯла сохташудаеро, ки дар он ба ҷои пилта як порча шинел месӯхт, даргиронд.
Вай як порча коғазро аз сумкааш гирифта ба паси миз нишасту ба навиштан сар кард.
«Салом, ҳамшаҳрӣ ва дӯстам Мамараҷаб! Ташаккур ба ту. Гумон мекунам, акнун ту хуб фаҳмидӣ, ки мо барои чӣ меҷангему ба муҳофизати чӣ ба даст силоҳ гирифтаем. Инро ту дар аснои иҷрои супориши ҷангӣ
– посбонии шабона бо амалиёти шуҷоатмандонаи худ исбот намудӣ. Фармондеҳи рота лейтенант Осмухин туро ба мукофоти ҳукуматӣ пешниҳод кард. Муборакбодии маро қабул фармо, рафиқ ва дӯсти ҳамнабардам!
Мо тамоми рӯз бар зидди фашистон ҷангидем ва чандин ҳамлаҳои ӯро зада баргардондем. Ҳозир шаби торик. Саҳарӣ боз ба ҷанг. Хулоса тирҳо дар тирдону ангушти шаҳодатамон ба куланги аслиҳа. Хомӯшии чандинрӯза, ки қариб ҳамаро дилгир карда буд, ба охир расид...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё