Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳоло Сталинград куҷою немис куҷо, рафиқ лейтенант.
– Албатта, то ба он ҷо расидан бинии фритсро чандин бор ба замин месовему лекин... – лейтенант дигар гап назада хомӯш монд.
– Рафиқ лейтенант, эҳтимол таклифи ман ба шумо маъқул наояд, лекин гуфта мондан айб надорад, – гӯён Сафар ба ҷавоби Осмухин мунтазир истод.
– Марҳамат, гап зан, агар таклиф маъқул бошад, чаро розӣ нашавам.
– Хонаю ҷои моро худи шумо дидед, бо одамони мо дар пеши як дастархон нишастед, ҳамаи онҳо шуморо мисли додари худ қабул карданд, шумо ҳам аз онҳо миннатдор шудед... Агар ҳақиқатан ба оилаи шумо дар Сталинград истодан хатарнок бошад, ҳар дуямон – шумо ба занатон, ман – ба деҳаамон мактуб нависем, занатон муваққатан ба тарафҳои мо рафта зиндагӣ кунад. Бовар дорам, ки ҳама ӯро нури дида, тоҷи сар мекунанд...
Аз таклифи самимонаи Сафар чеҳраи парешони Осмухин шукуфон шуд. Ба лаби ӯ ханда давид ва чашмони бодоми ӯ ба тарафи Сафар бо миннатдорӣ дӯхта шуданд.
– Раҳмат, додар... Раҳмат... Аввал ин ки, занам дар корхонаи трактори Сталинград кор мекунад, дар мактубаш менависад, ки ба ҳеҷ куҷо нахоҳад рафт. Дуюм ин ки, модари кампирро ҳам дар деҳа танҳо партофта рафтан хуб нест... Баъд, ҳаминро ҳам гуфта монам, ки заминро мегазему роҳи душманро мегирем... Ҳозир чора ҳамин...
Торикӣ фуромада буд, ки Осмухин аз назди Сафар баромада рафт. Сафар танҳо ба фикру хаёл дода шуд.
Ба «тартиби нав»-и фашистон, ки онҳо дар бораи он дод мезаданду шабу рӯз аз ҳавопаймоҳо варақа мепартофтанд, ҳақорату лаънатҳо мехонд Сафар. Гурезаҳо, ки аз ҳуҷуми истилогарон ба ақибгоҳ мекӯчиданд, кашшофи азобу шиканҷа додашуда Урозов, писараки аз тири ҳавопаймои фашист дар сари роҳ ҳалокгардида ба пеши назари ӯ намоён мешуданд. Баъд фармондеҳи полки саворагон Балашов, ки кайҳо босмачиёнро аз диёри ӯ Ҷӯйбор зада пеш карда буд, ба ёдаш омад.

пешина
аз 333
навбатӣ