Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Дар ин ҷо чӣ сӯҳбат? – гӯён ногоҳ Осмухин аз болои хоктӯда худашро ба заминкан партофт. Ҳама дар назди вай ҳозир истоданд.
– Салом, рафиқ лейтенант!
– Салом – салом, марди аз он дунё омада... Хӯш, чӣ гап? – пурсид аз Сафар Осмухин.
– Хотирҷамъӣ, рафиқ лейтенант.
– Мо бошем, туро дар вақти ҳуҷуми танкҳо гум карда, қариб ба рӯйхати бедаракшудагон дароварда будем.
– Чӣ тавре ки тоҷикон мегӯянд, умри ин хел касон дароз мешавад.
– Илоҳӣ, – гуфт лейтенант риши расидаашро хорида ва Сафарро таклиф кард: – Биё ба заминканат равем, чорта гап ҳаст.
Ҳар дуяшон дуқад шуда ба заминкан даромаданд.
Дар ин ҷо дар ду тарафи замин ду суфаи хоб ва дар мобайн як суфачаи чоркунҷаи баланд, ки вазифаи мизро адо мекард, сохта шуда буд. Дар рӯи суфаи хоб борхалтаҳои кӯҳнаи солдатӣ, шинел ва сумкаи ҳарбӣ, ки аз як канори болояш қутбнамо дошт, мавҷуд буд.
Дар рӯи мизи чоркунҷа, ки аз болояш рӯзнома паҳн шуда буд ва ҳар ҷо – ҳар ҷои ҳошияҳои онро барои махоркакашӣ пора карда гирифта буданд, халтачаи гулдори холӣ мехобид.
– Чӣ гапҳои нав, Яша? – аз паҳлӯи лейтенант Осмухин нишаста пурсид Сафар.
– Сталинградро зери даст карданӣ, фашисти лаънатӣ, аллакай шаҳрро чор бор сахт бомбаборон кардааст, – гуфт ӯ бо як алами дарднок.
Сафар хост аҳволи оилаи Осмухинро пурсад, вале худи ӯ дар ин бора гап сар кард.
– Занам менависад, ки «маслиҳат деҳ, чӣ кор кунам, духтарамонро ба назди модаркалон ба Ерзовка фиристам ё не».
– Ерзовкааш дар куҷо?
– Аз Сталинград чил километр дуртар. Зодгоҳи худам. Модарам ҳам дар ҳамон ҷо. Намедонам, чӣ нависам. Аз афти кор, ман туро ба хонаи худ ба меҳмонӣ набурда, худи ҷанг поятро ба он ҷо мерасонад, додар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё