Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Акнун боз навбати аз душмани ҳаромӣ сахт қасос гирифтан омад.
Ба мо аз саломатии худ навис. Ҳама туро салом мегӯянд. Зудтар сиҳат шудани ту – орзуи ҳамаи мо.
Дӯсти ту – Сафар.


Шаб гузашта рӯз омад. Ҳама мунтазири ҳамин ҳозир аз нав сар шудани тӯппаронӣ, бомбаандозӣ ва бо ҳимояи танкҳо ба ҳуҷум гузаштани фашистон буданд.
Дар маҳалли дидбонии фармондеҳи рота телефони саҳроӣ бетанаффус ҷирингос мезад. Дам фармондеҳи баталйон капитан Пузир, дам фармондеҳи полк майор Максимов ва дам сардори ситоди дивизия ва фармондеҳи дивизия телефон карда, бо изтироб вазъиятро мепурсиданд.
Вазъият бошад, як зайл... Баъзан хомӯшии майдони ҷангро садои таркиши минаҳо, баъзан тирпарронии кӯтоҳи дутарафаи пулемётчиён вайрон мекарданду бас.
– Деҳқонҳо мегӯянд, ки – гуфт Дадабой ба ҳамсояаш Нозири камаровӣ, – ҳаво чӣ қадар дим бошад, аз паси вай ҳамон қадар борони сахт мешавад...
Нозири камаровӣ чашмашро аз пеш, аз саҳрои паҳновар наканда, бо кадом як хаёли афсонавӣ гап зад:
– Канӣ, кошкӣ, ҳамин вақт як пораи кӯҳсори Қаротегин аз миёнҷои ин дашти беканор қад рост мекард...
Ана баъд фашист на як қадам пеш мемонд ва на рӯи Волгаро медид.
– Хуб хаёлҳои кӯкнориёна мекунӣ-дия, камаровӣ...
Аз ханда шуши кас ба даҳонаш меояд, – гуфт Дадабой хандаомез ва илова кард: – илоҳӣ намур, ҷӯра. Бе ту будан ҳам мушкил.
Нозир аз гуфтаи худ дар вазъияти нобоб монда, авзоаш беҷо шуд, чашмонаш ҳайратангез бозӣ карданд.
Дарҳол ба хотири вай ҷавоби хубе омад:
– Агар ҳамин хел гуфта камтар димоғатро чоқ накунам, торафт дар воҳимаи немис мисоли химча борик шуда истодаӣ.

пешина
аз 333
навбатӣ