Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Ана мувофиқи ҳамин аҳду паймон Сафар аз пайи ба сафҳои армия рафтан ҷидду ҷаҳд кард ва ба ин мақсад ноил гардид. Сездаҳ сол вай (аз нисф зиёди умри ҷавони ӯ) дар сояи меҳри Ватан дар сағирхона, омӯзишгоҳ ва мактаби олӣ тарбия ёфт, аз рӯзи аввалини ба даст қаламу дафтар гирифтани худ то ба зинаи олии дониш пой ниҳодан ин фарзанди тоҷик ба мақсаду маслаки худ вафодор буданро омӯхт. Ватан ӯро ба камол расонид. Вақте ки ӯро дар чордаҳсолагиаш ба сафҳои комсомол қабул мекарданд, ба саволи котиби комитети ноҳиявии комсомол: «Шумо бо чӣ мақсад ба сафҳои комсомол медароед?» тантанавор чунин ҷавоб дода буд: «Ҳамеша ва дар ҳама кор ба фоидаи халқ, ба манфиати Ватан фаъолона хизмат кунам, бар зидди душманони вай бераҳмона мубориза бурда, писари содиқи халқу Ватан буданамро дар амал исбот намоям».Ана ҳоло вақту соати адои ин аҳду паймон расида буд.
Сафар ин саҳифаҳои ҳаёти худро дар фикраш як-як варақ мезад. Юнусбобои талхию ширинии ҳаётро чашида низ ба симои беғубор, ба чашмони пурмаънои Сафар нигоҳ карда, тамоми фикру андешаҳои ӯро пай бурдагӣ барин мешуд.
– Хайр, писар, ҳеҷ воқеа не, – гӯён хомӯширо бурид Юнусбобо, – як худи модарат бошад, ҳар кор карда одами ҳамдамшавандаро меёбад. Наход бе ту ӯ дар байни як деҳа мардум қӯшхонае наёбад?!
Сафар аз ин сухани Бобо гӯё дилдорӣ ёфта, ба вай гуфт:
– Ман ба ин иштибоҳ надораму вале барои ин сафарам аз модар чӣ тавр ризоӣ гирифтан, чӣ хел дили ӯро ёфтан маро дар андеша гузошт.
– Ин гапат ҳақ аст. Модар ризо – худо ризо гуфтаанд. Вале модари ту, ба хаёлам, зани бефаҳм не. Вай медонад, ки ин кор на ба сари як худи ту, балки ба сари кӯп, ба сари олам омадааст, ин душмани қаттол тинҷро нотинҷ, шодро ношод кард, коре шуд, ки ба оши ҳалоламон магас афтод...Акнун ба тақдир тан додан, дуои ҷони ту барин ҷавононро карда, аз худо ба онҳо роҳи сафед талабидан мемонаду бас.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё