Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба пеши модарат рав, ту худат ба гап устоӣ, мақсадро фаҳмон, канӣ чӣ мегӯяд. Охир, ҳеҷ набошад, ба насиҳати дусета мо барин мӯйсафедон гӯш медодагист, – гуфт Юнусбобо.
Сафар ин маслиҳати Боборо қабул карда дар тараддуди ба хона рафтан шуда буд, ки аз берун садои ғалоғулаи якчанд мактаббачагони ба дарс омада шунида шуд. Юнусбобо овози онҳоро шунидан замон наздиктари соати деворӣ омада, ба мили он чашм дӯхт:
– Қариб вақти сар шудани дарс ҳам шудааст-ку. Соат ҳашту чоряк. Боз чоряк соат вақт мондааст.
Бобо сухани худро ба охир нарасонда, Сафар аз пеши тиреза «Ана муаллима ҳам омаданд» гӯён бо сараш ба сӯи боғча ишора кард.
Аз боғча, аз байни ниҳолҳои сабз Зебӣ чаққон по ниҳода меомад. Куртаи атласи сурхи ӯ дар шӯълаи офтоби чоштгоҳ, мисли лолаҳое ки аз мобайни сабзаҳо сар бардоштаанд, барқ мезад. Қомати миёна, чеҳраи гарм, мӯи ба сари сина афтодаи ӯ ба чашмони Сафар торафт наздик мешуданд.
Юнусбобо ба симои шодидамидаи Сафар як назар афканду баъд худро оҳиста ба сӯи дар гирифт. Сафар чашмашро аз боғча наканда пурсид:
– Ҳа, Бобо?
– Ҳозир меоям, писар, – гуфт Юнусбобо. – Рафта дари синфҳоро кушоям... шумо хотирҷамъакак кору боратонро саранҷом кардан гиред, лозим шавам, ман дар ҳамин ҷо.
Зебӣ рӯ ба рӯи тиреза омада Сафарро дида беихтиёр як дам дар ҷояш истода монд. Вақто ки чашмони онҳо ба якдигар афтоданд, дар лабони ҳар дуи онҳо табассуми ширине пайдо шуд. Ин гӯё ҳам салом ва ҳам алейки онҳо буд. Зебӣ дигар нигоҳ накарда ва сарашро ба замин хам карда ба тарафи дари даромади мактаб зудтар қадам зада рафт. Сафар ба тарафи дари идораи мактаб рӯ гардонда, ба тоқчаи тиреза такякунон истод.

пешина
аз 333
навбатӣ