Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Ин фиркҳо ба ӯ дилпурӣ диҳанд ҳам, вазъияти замон ва сафари дар пешбуда барои модар аз ҳамаи он рӯзҳои сахти гузашта мушкилтар буд. Гап дар сари он буд, ки ин ҷанги ҷаҳон касро ба бадбахтиҳои беназир гирифтор карда, аз ӯ қурбониҳои калон металабид. Ба модар ҳақро ҳаққонӣ гуфтан, мақсадро ба ӯ равшан фаҳмонида додан лозим. Сафар дар ҷустуҷӯи ҳамин роҳ ба фикр фурӯ рафт.
– Рост гфтед, Юнусбобо, – гуфт вай баъд аз фурсате,
– ба модари танҳо мушкил мешавад. Додар надорам, ки нигаҳбонаш шавад, хоҳар надорам, ки дилбардораш бошад...
Сафар боз як калимаро ба забон гирифтанӣ шуду вале бо кадом як андеша дар пеши мӯйсафед худдорӣ кард. Вале Юнусбобо аз ин зуд пай бурда, табассумкунон илова намуд:
– Арӯс надоред, ки дастёраш шавад...
Баробари калимаи арӯс ба пеши чашмони Сафар сурати муаллимаи ҳамин мактаб Зебӣ намоён гардид.
Охирин мулоқоту гуфтугӯи онҳо дар майдони ниҳолзори мактаб шуда буд. Ҳар ду орзуҳои ширине карданд. Вале ҷанг орзуҳои онҳоро ба мавқуф гузоштан маҷбур кард.
...Дар ин рӯзҳо ба сари Ватанамон хавфу хатари ҷиддӣ омада буд. Аз шимол – аз соҳили як баҳр то ҷануб – то соҳили баҳри дигар дар шаҳру деҳаҳои ғарбии сарзамини азиз абри сиёҳи дайду сайр мекард, дар кулбаҳои мардумон чароғи ҳаёт хомӯш гашта, ба ҷои он тирагии мудҳиш ҳукмрон шуда буд...
Душман ба остонаҳои Ленинград, Москва, Ростов омада буд. Ӯрдаҳои масту мағрури ӯ, танку тӯпҳои нофармонранги ӯ ба қиру торумор шудани худ нигоҳ накарда, роҳе меҷустанд, ки ба дили мамлакатамон зер карда дароянд.
Сафар яке аз ҳамон ватанпарварони ҷавон буд, ки ҳамаи ҷиҳатҳои мусбату манфии рафтори худро пешакӣ дар тарозуи ақл баркашида дида буд. Вай дар аввалин моҳи ҷанг, дар рӯзҳои айни авҷи сафарбарӣ ба армия, мисли ҳамин рӯз, дар идораи мактаб, дар пеши ҳамин тирезае, ки ба сӯи боғча кушода шудааст, дере хаёл карда, тамоми ҳаёт ва амалиёти бисту дусолаи худро аз пеши чашм мегузаронд ва ба дилаш аҳду паймонҳои нав ҷо мекард...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё