Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Онҳоро кӣ зада торумор кард, медонед?
– Сибириҳо, – ҷавоб дод майор.
– На фақат сибириҳо, панфиловчиёни аз Осиёи Миёна омада, саворагони туркман, ӯзбек, тоҷикро намегӯед? – полковник ҳар бори ном гирифтани ин қисмҳо бо нӯги қалами дар дасташ буда ба рӯи миз зада мемонд.
– Ман албатта, хоҳиши ба қарордоди шумо эътироз баён кардан надорам, лекин талафи беҳуда ба зарари худамон...
– Агар фармондеҳ моҳир бошад, ҳеҷ гоҳ одамони вай беҳуда талаф намешаванд... – фармондеҳи дивизия кинояомез ҷавоб дода, қаламро ба рӯи харита партофту аз ҷояш хеста рӯ-рӯи хона роҳ рафт. Дигарон ҳам рост истоданд. – Ба гапҳои дигар овора шуда, кори асосиро фаромӯш накунед. Хӯш, рафиқ лейтенант, – ба Осмухин муроҷиат кард полковник, – лозим меояд, ки ҷанговаронатон бе истироҳат ба ҷанг дароянд, оё онҳо ба ин тайёранд?
– Ҳафт моҳ барои ин тайёрӣ диданд, рафиқ полковник, – ҷавоб гардонд Осмухин бо эътимоди комил.
– Бисёр хуб... Ҳафт моҳ дар замони ҷанг мӯҳлати кам нест, – гӯён полковник дар рӯи харита бо қалами сурх якчанд аломат гузошту боз ба гап давом кард. – Ду рота ба шумо, майор Максимов.
– Мудофиагоҳи ман ҷои серхатар аст, рафиқ комдив, ду рота камӣ мекунад, – гуфт майор Максимов. Полковник сар аз болои харита набардошта гуфт:
– Кифоя аст, аз қувваи бисёр дида маҳорату ҳунар зӯртар аст. Се рота ба шумо, подполковник Харламов.
– Хуб, рафиқ комдив, – ҷавоб дод Харламов.
Полковник Людников ба соаташ нигоҳ карду баъд ба ҳар ду фармондеҳони полк амр дод:
– Соат се. То соати шаши пагоҳ одамонро ҷо ба ҷо карда, бо ҳамаи чизҳои зарурӣ таъмин намоед ва пеш аз ҳама хуб сер кунед, аз субҳ ба ҷанг медароем. Немисҳо набояд як қадам ҳам пеш раванд. Маҳалли дидбонии ман ин дафъа дар хати полки шумо мешавад, майор Максимов. Соати ҳафт дар он ҷо мешавам.
– Итоат, рафиқ комдив, – ҷавоб дод майор Максимов.

пешина
аз 333
навбатӣ