Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
То қароргоҳи он дивизияе, ки ҷузвитомҳои навомада бояд ба вай ҳамроҳ мешуданд, қариб биступанҷ – сӣ километр масофа буд. Роҳ аз борони зуд – зуд борандаи фасли баҳорон чунон лой шуда буд, ки пои кас ба замин мечаспиду қадаммонӣ душвор мешуд. Ба болои ин, яроқу борхалтаи аскарӣ, ки як дақиқа ҳам аз китф намефуромад, қадаммонии ҷанговаронро боз ҳам душвортар менамуд.
– Ин қадар чорхез кардан чӣ лозим, моро-ку ягон кас пеш накарда истодааст, – ба Дадабой нолид Мамараҷаб, ки ба обу арақ ғӯтида буд.
– Ҳа, Мамад, тойи емхӯри камкор барин даррав ба обу арақ ғӯтидӣ? – гуфт Дадабой аз рӯи одати ҳарвақта номи Мамараҷабро кӯтоҳ карда.
– Аз ту ягон бор одам гапи дуруст ҳам мешунида бошад? – гӯё ранҷида гуфт Мамараҷаб.
– Охир, худат доимо тири ҷувоз барин, менолию менолӣ... – бадтар ба асаби Мамараҷаб расонда гап зад Дадабой. Дар ҳамин ҳангом аз пеш фармон дода шуд:
– Калонтар қадам монед.
– Ана, – гуфт Дадабой боз ба Мамараҷаб, – ин ҳам аз ношукрии ту. – Дадабой бо таъназаниҳои худ нигоҳ накарда, боз ба ҳарсасзанон ғеҷидаю пешпо хӯрда поймонии Мамараҷаб раҳмаш омад ва зуд аз китфи вай милтиқашро гирифта ба китфи рости худ овехт. – Ин корам маъқул будагист-а, ошно? – гуфта пурсид вай.
– Вақташ ояд, мо ҳам қусурашро мебарорем, додар,
– бо оҳанги миннатдорӣ ҷавоб дод Мамараҷаб.
– Дар устави аскарҳо ҳам ҳамин хел навишта шудааст, – боз гуфт Дадабой, – аскар ба аскар ҳам ҳомӣ ва ҳам балогардон аст.
Бо ҳамин қадамзании тези аскарӣ ҷанговарон ними шаб ба обу арақ ва лой ғӯтида, ба маҳалли таъйин шуда расиданд. Ин маҳал майдоне буд дар мобайни бешазори калон. Аз даруни бешазор гоҳ-гоҳ садои гуфтугӯи одамон, садои мотори мошинҳо ва ғайра шунида мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё