Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Маҳдуд бикунем ва тадриҷан ба ҳоле бирасонем, ки гузаштаашонро фаромӯш бикунанд, ва ояндаашонро ба мо пайванданд. Ва охиру оқибат ба мо маҳлул бишаванд ва кулли ин мулку мулкчаҳо қисми таркибии хоки Русияи муқтадир бошанд». Вот так! Урозумели!? Шумо ҳаққи гапро гуфтанӣ бошед, фаҳмиш ва фикри худатонро нависед, Фармудаи дигаронро нанависед.
Ва Азизмурод аз идораи рӯзнома ҳайратзада берун баромад – инаш ҳам урус, вайаш ҳам урус. Инаш ин хел мегӯяд, вайяш он хел мегӯяд… Ҳар дуяш хондагӣ, ҳар дуяш мансабдор… Кадомаш рост мегӯяд, кадомаш дурӯғ мегӯяд?..

3 Дар сари ағбаи Тахтақарача ду сутуни бетонӣ шинондаанд – нишони сарҳади ду давлат. Ин тарафаш тобеъи Русия, он тарафаш тобеъи Аморати Бухоро. Ва хоки яклухти як миллат ба ду тақсим шуд, ва ду хел тартибот ҳукм меронд, ки яке ба дигаре ҳеҷ шабоҳат надошт, ба масал як бому ду ҳаво буд. Ва ҳар ду тартибот ба молу ҷони раъия ҷабру ситам мекард, ва тартиби ҷабру ситами ҳар ду тараф ба якдигар ҳеҷ монанд набуд – яке нозукона ва дигаре дағалона. Ва мардум, ки кирдори онҳоро ба муқоиса мегирифтанд, хулоса мебароварданд, ки аморати Бухоро золим аст ва императори рус одил.
Чунки амири Бухоро ҳар вақте дилаш хоҳад, андоз мебарорад ва андоз мегирад, хоку обро пос намедорад, роҳҳоро назорат намекунад, наҳр намеканад, сағирхонаву мактаб надорад, сарбозонро намехӯронаду намепӯшонад, ғами гармиву сардии хонаи раъияро намехӯрад… Баъд подшоҳи рус аз вай беҳтар нест? Андозбарориву андозгириаш вақту соати муайян дорад, ба қадри хоку об мерасад, роҳҳоро обод мекунад. Ба заминҳойи беоб об мебарорад, сағирхонаҳо ва мактабҳо месозад, аскаронаш таъминоте доранд, ки бекҳойи мо надоранд, ангишт меканаду ба фурӯш мебарорад, ки танӯри мардум тафсону хонаашон гарм бошад…

пешина
аз 435
навбатӣ