ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Азизмурод бо чунин маънову мазмун мақолае навишт, ва муҳаррири рӯзномаи «Самарқанд» Морозов он мақоларо хонд ва ӯро рӯ ба рӯяш паси миз шинонд ва дарс дод: «Мардуми дунёбехабар ва соддабовар ҳастед шумо мардум. Слышите звон, незнаете от куда он. Асли мақсад тамоман дигар аст, ки дар ситодҳо тарҳ мекашанду маҳфуз медоранд. Ба шумо як гап мегӯянд, вале дар асл корҳойи дигар мекунанд. Ин мустамликадори навбаромад, таърихи мустамликадории Бритония ва Франсияро дақиқ омӯхтааст. Омӯхта хулоса баровардааст. Усулҳойи навашро ёфтааст. Як сиёсати маккоронае ба роҳ мондааст, ки намудаш ободкорӣ ва мазмунаш ғоратгарӣ, зоҳираш одилона ва ботинаш худкомона аст. Баройи шумо, аз ҳазорон дастур, як мисол».
Морозов дафтари ғафсе аз ғалладони миз баровард, ва варақ зад, ва дар сархате ангушт гузошту хонд: «Коре, ки имрӯз анҷом наёфтааст, фардо ба анҷом хоҳад расид. Ба шарте, ки ҳоли мардум ва рӯҳияи мардумро нағз донем ва дар мавридаш хуб истифода карда битавонем. Ба шарте, ки хост ва манфиатҳойи Русияи пуршавкат боисрор, пайгирона, пайваста, мунтазам ва ҳамеша дар мадди назар бошад ва ҳимоя карда шавад. Халқу қабилаҳое, ки ба тасарруфи мо даромаданд ва минбаъд медароянд, бояд ки дар рӯзгори рӯзмарраашон воқеъан бубинанд ва ҳис бикунанд, ва эътиқод бубанданд, ки тартиби давлатдории мо нисбати он тартиботе, ки онҳо доранду дидаанд, беҳтар аст, одилона аст. Фақат дар ҳамон ҳолат сиёсати мо ба дилу ба дидаи онҳо ҷо мегирад. Ва заминаи муносибу мувофиқе фароҳам меояд, ки мо битавонем урфу одат ва дину диёнат ва забону миллати онҳоро, бо ҳар хел роҳ, ва бо ҳар гуна баҳона, ва бо ҳама гуна восита, боэҳтиёту оҳиста, маҳдуд бикунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё