Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фаҳмондан даркор, ки унту накунед, инту бикунед! Гӯеду нишон диҳед, мардум мекунанд ва хато ислоҳ мешавад ва надидагиаш мебинад ва намедонистагиаш ёд мегирад ва майда–майда мебинед, ки дунё обод шудааст. Ва ба қозикалон фаҳмонд, ки минбаъд қозиҳо ришва нагиранд, роҳашонро сахт бастан даркор, ҷазо додан даркор, шармандагиашонро баровардан даркор; ва ба муфтиёт хат фиристонид, ки муфтиҳо дигар фатвоҳои ғайри шаръӣ надиҳанд, дуъофурӯшӣ накунанд ва дуъофурӯшонро радди маърака гардонанд, – назорат кардан даркор, аз имтиҳон гузаронидан даркор, нодонҳояшро рондан даркор; ва ба ҳокимону бекҳо маслиҳат дод, ки худҳошон пешкаш нагиранд, ва расмӣ ба Амир тортуқ оварданро барҳам бидиҳанд, – пешкаш мегӯем, тӯҳфа мегӯем, тортуқ мегӯем, ҳамааш як балост, ки ришвагириву ришвахӯрӣ ном дорад, ва дар шаръи шариф онро ҳаром донистанд, ва дар ҷое, ки ришва реша давонад, кори ҳалол аз беху бунаш барбод меравад, ва дар ҷое, ки кори ҳалол нест, ободиву осудагӣ дар ду дунё муяссар намегардад…
Ҳашт моҳи расо ҷон коҳонид Саидмурод, ва ҳашт моҳ гуфту нишон дод, ки унту накунед, инту бикунед; ва умед дошт, ки нодидаҳо мебинанд ва намедонистагиҳо ёд мегиранд… Ва диданду ёд гирифтанд, – қозиву муфтиву ҳокиму бекҳо диданду ёд гирифтанд, ки Саидмуроди қушбегӣ душмани онҳост, душмани Ҷаноби олист; ва байни роҳбарону тобеъон фитна меангезад, шӯру шар паҳн мекунад ва заволи тоҷу тахти Ҷаноби олиро мехоҳад. Ва ҳуҷҷат пешниҳод карданд ба Амир бо далелҳои мӯътамад, ва бо имзои шоҳидоне, ки ба мусулмони комил буданашон ҳеҷ шакку шубҳа нест, – Саидмуроди қушбегӣ панҷ маротиба, дар панҷ сӯҳбаташ, – бо беки Шаҳри сабзу бо қозии Вобканд, бо мири Қабодиён ва ду бор бо мӯйсафедони қавми худаш, – довталабона гуфт, ки Амир ақли давлатдорӣ надорад. Вай ба ҳукми як хӯса аст барои тарсонидани зоғу заған. Лаҷоми давлат ба дасти ман. Ман набошам, Бухоро дар як сол валу вайрон мешавад.

пешина
аз 435
навбатӣ