Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Як нусхаашро нигоҳ доред. Як нусхаи дигарашро то охири моҳи октябр ба Тошканд фиристонед»; ва панҷ моҳ интизор шуду аз Амир ҷавоб наомад. Ва 30 апрели соли 1868 армияи рус аз Дизак ба тарафи Самарқанд ҳаракат кард. Ва дар ин вақт Амир, ки дар Оқтеппа буд, машварати фавқулодда даъват намуд:
«Бо Русия меҷангем, ё сулҳ бандем?» Гурӯҳе сулҳро авлотар донистанд, гурӯҳе ҷангро. Ва гурӯҳи ҷангҷӯ гурӯҳи сулҳпарварро тарсончак гуфтанд; ва аскари рус то Пули Сангин омад, ва Амир боз расул фиристонид, ки «пеши ҷангро гиред!», ва Кауфман ба расул ҷавоб дод:
– Ман ду хат гирифтам. Яке аз номи ду беки машҳур.
Дуюмаш бо мӯҳру имзои ҳафт беки дигар. Онҳо арзи дӯстӣ кардаанд. Моро бо нону намак пешвоз мегиранд.
Илова ба ин халқ аз ситами Амир безор шудааст. Вакилҳо фиристониданд, мактубҳо навиштаанд, ки мо биёем, ба онҳо ёрӣ диҳем. Қарзи инсонии мост, ки дасгирӣ бикунем.
Ва Кауфман ақиб нагашт, ба пешравӣ тайёр мешуд. Ва дар Мирзоработ аз Самарқанд ба Амир хабар оварданд:
«Сипоҳро, бо сардории писаратон, ба теппаи Чӯпонато баровардем. Омадани Ҷаноби Олиро соат ба соат интизор ҳастем»; ва Ҷаноби Олӣ бо шайхулислом ва сарлашкар ва раммол Ҳоҷӣ Тӯра хилват карданд: «Тадбири кор чист?»; ва Шайху Ҳоҷӣ Тӯра тадбир нишон доданд – аз ояту ҳадисҳо масал оварданд ва аз толеъи Амир фол кушоданд, ки «дар Самарқанд мазори авлиёҳо бисёр, ва ба толеъи неки Амир, писарашон саробони сипоҳ. Арвоҳи авлиёҳо ва ақли расои амирзода, иншооллоҳ, намегузорад, ки қадами нопоки кофирон ба хоки поки Самарқанд бирасад».
Ва Сарлашкар қувват дод:
– Урус шикасту рехти ин заминро намедонад. Ҷару ҷӯ, пасту баланд, роҳу бероҳаро намедонад. Мо осонакак ба онҳо ғолиб меоем. Як нафараш зинда намемонад.
Ва Амир фармуд:

пешина
аз 435
навбатӣ