Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ба сарони лашкар хабар диҳед, ки ҳар касе ба кофирон ғолиб шавад ва Дизакро озод кунад, ба беҳтарин вилоят, ба Самарқанд ҳоким таъин мекунам.
Ва худаш ба Самарқанд не, ба Кармина рафт. Вай ҳарос дошт, ки Абдулмалик худашро амир эълон мекунад.
Аскари рус, қариб бемамониат, то ба Каттақӯрғон омад.
Байни мардуми Самарқанд – дар хона, дар кӯча, дар мадрасаву масҷид, дар бозору мазор,–таҳлукаю ҳаросе паҳн мешуд: «лашкари урус меомадааст, шайтон ёри онҳо будааст, дину имон футур меравад гӯеду монед».
Дар ин вақт аскари урус бо ҷанги сабуке Каттақӯрғонро гирифт ва аз хонаи як бой панҷсад ғуломро озод кард; ва беки Каттақӯрғон бо сипоҳаш ҷониби Шаҳрисабз гурехт. Ба Бухоро нарафт. Аз Амир дигар умеде надошт. Баъд беки Шаҳрисабз хешаш буд ва ҳам ба ҷасорати ӯ эътимод дошт:
«ягона касе, ки ҳамияти муқовимат дорад, беки Шаҳрисабз аст ва амирӣ ба ӯ мезебад». Ва аскари рус, бо андаке талафот – даҳ-дувоздаҳ солдат ва чор-панҷ асп ва як командир,– сар то по мусаллаҳ ва танаш пӯшидаву сер ва низоми ҳарбаш оқилонаву устувор аввал галоя, баъд савора, баъд дар болҳо артиллерия ва баъд пиёда ва баъд бору бунаву тиру боруту дегу оташдон; ва китфҳо озурда ва сару рӯ чангхӯрда, вале шаҳди ғалаба чашида, ки беқувватро боқувват ва танбалро чолок мекунад,–пастиву баландӣ ва ҷару ҷӯ ва мазору хонаҳо ва биёбону боғҳоро манзил ба манзил зери по кашида наздик меомад ба Самарқанд; ва то ба Самарқанд расид, ки панҷ шабонарӯз сипарӣ шуд; ва дар ин панҷ шабонарӯз, дар шаҳри Самарқанд ва қасру кӯшк ва хиёбону кӯчаҳо, он қадар ҳодиса рӯй дод, ки дар саду ҳафтод соли салтанати манғитиён воқеъ нагардида буд, вале тартибу таркибаш, ба тартибу таркиби сохти давлатдории манғит шабоҳат дошт,ва сирояти он сиёсат баръало ба назар мерасид,–дар оғоз воҳима дар забонҳо афтод ва халқе, ки як ҳазору сесад сол боз гуноҳу айбашро бори гардани шайтон мекунад, ва боре ҳам гиребони худро бӯ намекашад, ва доим дар ниёиш ҳаст ки «Худо аз шарри шайтон нигоҳ бидорад», акнун хавф мебурд, ки ин шаб ё шаби дигар шайтон ба хонааш медарояд; ва «тавба кардам!», мегуфту ҷои гурез намеёфт; ва баъд овозае шаҳргир шуд, ки «Шайхи мазори Шоҳи Зинда хоб дидааст, ки «дар мадрасаи Шердор ду манор аз ҳам фурӯ рехт ва ба замин яксон шуд»; ва ба ин овоза зам гардид, ки муфтии шаҳр хобе дидааст–вай дар хоб дидааст, ки «Генерали рус, савори аспи сафед, дар Регистон сайр мекунад», ва ҳарчанд дар таъбир «хоби мард чаппа аст», ба ҳар ҳол аз фалокате дарак медиҳад…

пешина
аз 435
навбатӣ