ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
12 Аз ҷанги Дизак ҳарду тараф, ҳар кадоме ба таври худ, натиҷа гирифтанд – Амири Бухоро хоб буд, бедор шуд, ки ин душмани андак мундак нест,ва боди такаббур, ки «дар ин атроф аз ман зӯртараш нест», аз сараш баромад, ва ба такопӯ даромад, ки дар ҷанг ба муқобили Русия ҳамсояҳо Афғонистон, Хева, Қӯқанд, Кошғарро ёр гирад, ва аз султони Туркия мадад пурсад, ва бо миёнаравии Туркия муносибаташро бо Англия мустаҳкам гардонад; ва ҳамзамон дари сулҳ бо Русияро намебаст, ки вақтро кашол бидиҳад.
Императори Аъзами Рус ба ташвиш, ки муқовимати Бухоро дар Дизак, нисбат ба ҷангҳои пешина, бо низому ҷиддитар шуд ва ин бе ёрии хориҷиён сурат нагифтааст; ва имкон додан даркор нест, ки қувваи хонҳову султонҳо муттаҳид бишаванд, ва суръати ҳаракат ба шарқро суст бикунанд, ва ба манфиатҳои иқтисодиву сиёсии рус халал бирасонанд; ва генерал – губернатор, хатталимкон, роҳҳои гуфтушунидро бибурад, ва хоса фатҳи Самарқандро битезонад, ки гиреҳи асосии пайвандҳост, ва…
Ва 7 июни соли 1867 сафири Бухоро ба Оренбург рафт:
– Биёед, ба ҷанг хотима диҳем. Сулҳ бикунем.
Генерал – губернатор:
– Ба кадом шарт?
Сафир:
– Дизак ва Уротеппаро диҳед. Сарҳади мову шумо соҳили чапи дарёи Сир шавад.
Генерал-губернатор:
– Бино ба тайёрии ҳарбие, ки дар Бухоро ва Самарқанд мебинед, ва сафирони Туркия ва мубаллиғони Англияро пазироӣ мекунед, амиратон нияти сулҳу салоҳ надорад.
Файсал медиҳад.
Худи генерал – губернатор хоҳиши сулҳу салоҳ надошт.
Баракс, вай дар ғами мулҳақ кардани Осиёи Васат ба Русия буд, ва дар баҳри Арал флотилия месохт, ва баҳона меҷуст, ки роҳи забтро ёбад; ва Кауфман даъвояшро «аҳди сулҳ» номид ва ду нусха кард ва ба Амир фиристонид, ки «мӯҳр монед, имзо монед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё