ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Пойдор истед!» ба гӯши касе намедаромад, ва гурезогурез сар шуд; ва сипоҳ дар байни як соат пароканда гардид; ва аз паси тӯпҳо пулемётҳои салотҳо ба кор даромад, ва тирандозон ҳамроҳ шуданд; ва ҷиҳодталабон – савораву пиёда, бетартиб ақиб нишастанд – ҳар дастае ба тарафе; ва шумораи онҳое, ки аз тарс ба ҷару ҷӯ афтида нобуду маҷрӯҳ шуданд, бештар буд аз шумораи онҳое, ки аз тир ҷон ба ҷонофарин супориданд. Ва салотҳо шаҳди ғолибӣ чашиданд – аз сангарҳо барҷастанд ва таъқиб карданд…
Ва Амиру аҳли рикоб чодарҳо ғундоштанд, савор шуданд ва гурехтанд то он даме, ки садои тиру тӯп дигар шунида намешуд; ва дар канори дашт, дар сари роҳи корвонгузар, дар работи Гунбази Сабз фуруд омаданд; ва низомиёни савора, пасу пеш, дар ин ҷо ҷамъ мешуданд; ва як дастаи савора занҳои фойтунсавори Амирро ҷониби Бухоро гусел мекарданд; ва аз пиёдаҳо тӯдае дар роҳ буданд, гурӯҳе роҳгум заданд, қисме гурехта ба деҳот рафтанд; ва аз панҷоҳ фидоие, ки Рӯзимурод ҳамроҳашон буд, нӯҳ нафар боқӣ монд ва аз онҳо касе роҳро намешинохт, ва таваккалан қадам мезаданд, ва дар пеш ғайри чӯли бедод, биёбони холӣ ва талу теппаҳои рег ва хол-хол бутадор, дигар чизе наменамуд.
Ва сарлашкар ба Амир арз кард:
– Амирам, пири ҳамин мазори Гунбази Сабз шоҳид, ки мо тарсу нестем. Лекин салотҳо ҷанги номардона карданд.
Онҳо фурсат надоданд, ки шерчанголони мо наздик раванд, вагарна хокашонро мебехтем!
Ва Дӯсти дегрез дар регзор аз пои рафтан монд, ва худро ба хомаи рег партофт:
– Як нафас дам мегирем. Шинетон ҳамаатон. Шумо, мулло Рӯзимурод, одами хондагӣ, ба мо гӯед, ки чаро тӯпҳои мо ҷавоб надоданд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё