ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
– Биравед, ба вай гӯед, ки тарсидед?! Бояд пешакӣ фикр мекардед, ки дар ин майдон бо кӣ сару кор доред.
Ҷанг ногузир шуд.
10
– Мо ба касе ҳуҷум накардаем,– барқия дод Генерал Губернатори Туркистон ба сараскараш.–Ба мо ҳуҷум карданд, мо бояд ҷавоби муносибе бидиҳем! Муқовимат бикунед. Фавран қувваҳои нав ба мададатон мефиристем.
Ва аскари рус омодагӣ гирифт – сангарҳо сохт, тӯпҳоро дар баландиҳо шинонд, ҷои пулемётҳоро муайян кард, самти дастаҳоро нишон дод; ва шумораи аскаронаш ба ҳазор намерасид; ва мунтазир шуд, тарафи муқобил чӣ кор мекунад?
Аз ин тараф Амир таъҷил дошт – намози бомдодро мухтасар хонд, нӯкарон асп оварданд, савор шуд ва бо аҳли риқоб сари баландии аз ҳама баланд баромад, ва ба чодари сурх даромад, ва дашту сипоҳро назора кард – дашт васеъ, ҳамвориҳойи пасту баланд, селроҳа, шикаст ва фурӯрафтаҳо, хомаҳо, адирҳо, буттазорҳои тунук ва реги равон; ва лашкар ба ҳуҷум тайёр; ва Амир вазъ гуфт, ки «зиндаҳо ғозӣ мешаванд, шаҳидҳо рост ба арши аъло мераванд»:
– Ғазо бикунед, салотҳоро камтар бикушед, зиёдтар асир бигиред, нусрат бикунед. Ҳар шаҳрро бигиред, се рӯз ба ихтиёри шумост, ғанимате, ки ёбед азони шумост.
Ва фотиҳа дод ба оғози ҷанг, ва лашкар ҷунбид, ва Сарлашкар аспашро ҷавлон дод ва аз адир ба адир, аз фавҷ ба фавҷ, метозонд ва нидо медод:
– Ҷиҳод кунед! Пойдор истед! Ҷиҳод кунед! Пойдор истед!
Сипоҳиёни савора шамшерҳо аз ғилоф баркашиданд, алвонҷ доданд дар ҳавои болои сар ва асп тозонида наъра кашиданд; ва пиёданизом аз паҳлӯҳою аз дунбол ҳою ҳуй бардоштанд ва селвор равон шуданд; ва салотҳои урус, ки то алҳол хомӯшу интизор буданд, дар сангарҳо даст ба силоҳ гузошта, фосиларо чен мекарданд ва ҳамин ки масофа тиррас шуд, аз тӯпҳо оташ кушоданд; ва садои таркиши гулӯлаҳо, ки ноошною воҳиманок буд, ва шиҳаи аспҳо, ки бо саворашон каллапо мерафтанд, ва пиёдагоне, ки ба замин чалпак мешуданд,ва чангу ғуборе ки ба ҳаво мехест, даҳшате ба сафҳои лашкари Амир андохт, ва тарсу ларз ғолиб омад, ва даъватҳои сарлашкар «Ҷиҳод кунед!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё