Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Як гулӯла ҳам напартофтанд?
– Тӯпҳои мо дар ҳифзи занҳои Амир истодаанд. Ба ҷанг кардан вақт надоранд.
Ва дар Гунбази Сабз саркорон ба Амир ҳисобот медоданд–тӯпҳо гулӯла надоштанд, гулӯлаҳо дар Бухоро мондаанд; борутро сари вақт аз анбор набаровардаанд; қисми зиёди сарбозон, як ҳафтаи охир, гуруснаву ташна будаанд, беки Шаҳрисабз, бо сарбозонаш, аз нимароҳ баргашта рафтааст…
Ва Амир раги гарданашро хезонда дод зад:
– Надоштаанд, набаровардаанд, наомадаанд, шумо маъмурон дар куҷо будед? Чашматон ба куҷо буд?!
Ва Муншии дарбор, одами ришсафед, ки навиштани таърихи аморат ба ӯҳдааш буд, ва сӣ сол боз лашкаркашиҳои музаффарона ва фотеҳи замона, ва тантанаҳои қаср ва пешкашу тортуқҳои ҳокимон, ва саломи заминбӯси мансабдорон, ва ярлик доданҳо, ва қабули сафоратҳо, ва хирадманди ягона будани Амирро рӯи коғаз меовард, ва ҳамеша ду даст пеши бар «хӯш ва лаббай» мегуфт, аз куҷое ғайраташ ҷӯш зад, ва рӯҳи ғуломиаш шикаст, ва баъди ба хидмати дарбор омадан, бори аввал ба асли ҷавҳари худ баргашт, ва дар ҳузури Амир берухсат аз ҷои нишасташ бархест ва бе таъзими заминбӯс пеш баромад;
– Ман гӯям, ки куҷо буданд! Ҳангоми тайёрӣ ба муҳориба Шумо бо Ҳоҷӣ Тӯра дар чорбоғи Ширбанд саргарми бозии «дору пахш кун!» будед. Инҳо аз канор истода тамошо мекарданд, чашмашон ба сурсуракон ва пахш карданҳои Шумо буд.
Ҳанги мансабдорон канд – ранг бадал карданд ва абрӯ дарҳам кашиданд ва лаб каҷ намуданд ва чашмашон роғ рафт, гӯё ногаҳон замин ларзида бошад, ҳама хомӯш ва ҳаросзада мунтазир монданд: Ба Муншӣ чӣ шуд? Хушодоб буд, умре ба сари хам таърихи сулолаи манғитро навишт, шаҳомату адолати Амирро васф кард, ғаюру ҷаҳонгиру аморатпаноҳ мегуфт; чӣ бало зад, ки яку якбора, аз як дастнигари хушомадгӯ, ба як дастдарози ҳақиқатгӯ табдил ёфт?!

пешина
аз 435
навбатӣ