Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва мардум, саргардони обу нони хона, парвое надошт, ки кадом қарор кай баромада буд, ва кадомаш иҷро шуду кадомаш иҷро нашуд; ва сиёсатмадорон ва олимон ҳисобот медоданд ва китобҳо менавиштанд, ва ифтихор доштанд ва исбот мекарданд, ки «дар соли 1967, нисбат ба соли 1913, истеҳсоли ғалла якуним баробар, ҳосили пахта яксаду нуздаҳ баробар, кандани ангишт ҳафтоду панҷ баробар, саршумори чорво ду баробар… зиёд шуд».
Ва авлодони Ивани муфлис дар Ленинград, ва аҷдоди Одинаи камбағал дар Сталинобод, доро нашуданд албатта, валекин гадо ҳам набуданд, – хӯрданиву пӯшиданиву хонаву дар доштанд, ва аз рӯзгор шоду аз ҳокимияти шӯройӣ миннатдор буданд, ки бобоҳояшон ҳаминро ҳам надоштанд; ва дар рӯзи Иди якдилии заҳматкашони ҷаҳон Якуми Май ва ҷашни солгарди ғалабаи Октябри Кабир, сару рӯяшонро дурустакак шуста, либосҳойи озода пӯшида, ва дар ҷойи корашон байрақ, ё сурати калони яке аз дувоздаҳ аъзойи Политбюроро мегирифтанд, ва сари даст бардошта ба майдони идгоҳ мерафтанд, ва ҳангоми бо тантана аз назди минбар гузаштан аз боло, аз сари минбар, ки аъзоёни ҳукумат ва қаҳрамонони ҷангу заҳмат ва пешқадамони истеҳсолот ва фаъолони ташкилотҳойи комсомоливу пионерӣ, рост истодаанд, яке аз зафарҳойи соҳае, шиореро бурро мехонд, ва онҳо Ура! Ура! Ура!
мегуфтанд.
Ва ҳар сол аҳвол ҳамин буд, ва ҳар сол роҳбарон – минбарбудагон, ҳар кадоме бо «шайкаи» худ, дар ҷойи хилвате ба айшу ишрат менишастанд; ва котиби якуми КМ ба раиси шӯройи вазирон, ба дараи Варзоб, ба бӯстонсаройи Зимчуруд рафтанд; ва сари кайф маслиҳат карданд, ки «куртаҳойи нейлон фақат дар унвермаги марказӣ ва фақат бо сертификат фурӯхта шавад; ва телпакҳойи андатра ба ихтиёри раис истад». Ва Раис, дар омади гап луқма партофт:
– Муродгул, вақтҳойи охир, хира шудаст. Порсол даҳ метр атласи Хӯҷанд те гуфт, додам. Имсол ба телпаки андатра чашм ало кардааст.

пешина
аз 435
навбатӣ