Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Вай аз ҳад гузашта истодааст, – Котиб бо дастмол лабашро баҳузур пок кард. – Вақти ба нафақа фиристоданаш расидааст.
– Ҳоло ду-се сол намерасад.
– Бо сабаби беморӣ.
– Инаш ҳам мумкин. Лекин дар Москов ҳар хел фаҳмиданашон ҳам мумкин. Шиносҳойи бисёр дорад. Баъд масъалаи занҳо ҳаст, ки ба корҳойи роҳбарӣ кам пешбарӣ мешаванд…
Ва ба Муродгул як телпаки андатра доданд, ва раиси комиҷроияи райони Ворошилов таъин карданд, ки «ин район хоку оби фаровон дорад, лекин ҳосили кам мегирад. Имкониятҳояшонро дуруст истифода бурда наметавонанд. Ақиб мондаанд. Шумо таҷрибаи хуб доред. Мераведу ҳамин вайронаро обод мекунед». Ва дар охири сол, ба сабаби «иҷро нашудани плони пахта», аз он мансаб гирифтанд ва директори бойгонии ҳизб монданд.
Ва сарҳади СССР қулфу калид буд, ва сензура матбуоту нашриёт ва радиову почтаву телеграфро назорат мекард, ки сири давлат фош нашавад, ва дониставу надониста дастгираке ба душманҳойи идеологӣ надиҳанд; ва касе ба сафари хориҷа равад, агар дар шаҷарааш шубҳае бошад, умуман роҳ намедоданд, ва агар эроде набошад, дар чандин зина сӯҳбатҳойи хос мегузарониданд ва насиҳату маслиҳатҳо медоданд, ва баъд мефиристониданд. Ва бо вуҷуди ин ҳама эҳтиётҳо сири хона берун мебаромад ва барои душманони идеологӣ дастак мешуд, ва мубалиғони душман, бо муболиғаву ифрот, ба фойдаи худашон истифода мебурданд; ва фойдаи онҳо дар барномаи муштараки капиталистону империалистон бист сол пеш сабту паҳн шуда буд, – «мо сарвату қудрат дорем. Мо метавонем коре бикунем, ки адабиёт, театр, кино, ҳамаи ин соҳаҳо палидтарин эҳсосу хислати инсониро ба тасвир ва тараннум бигиранд… Мо аз аҳли адабу ҳунар ҳамонҳоеро ҳамаҷониба дастгирӣ ва болобардор хоҳем кард, ки парастиши шаҳват, таҷовуз, бераҳмӣ, хиёнат, хулоса, ҳар гуна бадахлоқиро дар тафаккури инсон ҷойгир мекунанд ва ривоҷ медиҳанд ва зӯр зада ба амал меоваранд…

пешина
аз 435
навбатӣ