Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва котиби дуйуми КМ ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва ҷонишини якуми раиси шӯройи вазиронро аз Москов мефиристониданд, ва онҳо ҳатман бояд, ки рус бошанд ва ё русзабон, ва ба ҳаминаш ҳам қаноъат накарданд – бо шиори «мадад ба кадрҳойи миллӣ» як даста «кадри аз ҷиҳати сиёсӣ обутобёфта ва пухтаро» фиристониданд ва мансабҳойи ҷонишини вазирон ва котиби дуйуми райкомҳоро мӯҳру имзо карда ба онҳо доданд; ва мардум мегуфтанд, ки «Инҳо чашму гӯши Москов ҳастанд. Одамони маҳаллӣ ба ном роҳбаранд. Дар асл ҳукумату қудрат ба дасти ҳаминҳост».
Ва дар панҷсолаи панҷум ба хотири касе намерасид, ки чунону чунин нақшаҳо будааст, ва касе ба таҳқиқ ҳам намегирифт, ки чаро гуфтан будаасту кардан набудааст?!
Ва Шокир Боғиров, агрономи вазорати кишоварзӣ, мақолае чоп кард дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ва бонги изтироб зад, ки заминро киштгардон кардан аз заруратҳойи кори деҳқонист, ва агар чунин тартиб риоя нашавад, замин дам намегирад, таркиби хокаш вайрон мешавад ва ҳосили хуб намедиҳад, ва ҳатто аз кор мебарояд; ва ду сол гузашт, касе ба он мақола эътиборе надод, гӯё вай ба девор муроҷиат карда бошад. Баъди ду сол ҳамон мақоларо тарҷима кард ба забони русӣ ва дар газетаи «Коммунист Таджикистана» ба табъ расид, ва фавран дар КМ ва вазорат ва районҳо боиси гуфтугӯ ва баҳсу мунозираҳо гардид.

пешина
аз 435
навбатӣ