ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва асари тадқиқотии адабиётшинос Розиқ Каримов дар шӯройи илмии Академия баҳойи бад гирифт, – муҳаққиқ дар ягон ҷо аз доҳӣ иқтибос наовардааст! – ва ба ӯ унвони докторӣ надоданд, ба нашри китобаш ҳам рухсат нашуд; ва Қароре, ки дар панҷсолаи якум қабул карда буданд, муддати дарозе иҷро нашуд, ва дар панҷсолаи панҷум покпокиза аз хотирҳо баромад, – шӯройи олии СССР қарор кард, ки давлати шӯравӣ мамлакати сермиллат аст, ки аз ҷумҳуриҳойи мустақил, ба таври ихтиёрӣ, таркиб ёфтааст, ва забони давлатӣ дар ҳар як ҷумҳурӣ забони модарии ҳамон миллат аст, ва касоне, ки забони он халқро надонанд, ҳаққу ҳуқуқ надоранд, ки роҳбари ин ё он идора бишаванд; ва бино бар он қарор ҳамаи понздаҳ Ҷумҳурӣ Қарорҳойи худро бароварданд, ва дар ҷумҳуриҳо ҳар як вилоят ва ҳар як район қарори дахлдор қабул кард; ва дар ҳамаи идораҳо курсҳойи омӯзиши забони тоҷикӣ кушоданд, ва дар як ҳафта се рӯз, бегоҳи баъди вақти кор, одамоне, ки ин забонро намедонистанд, дарс мехонданд.
Ва дар панҷсолаи якум Душанбе ба нақша гирифт ва Москов тасдиқ кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яксаду чилу як ҳазору яксаду бисту як километри мураббаъ масоҳат дорад ва ғолиби ин масофа кӯҳу дара аст, ки дар даврони амирӣ роҳҳои обод насохтанд, чунки Амир зани нав гирифтанро дӯст медошт, на обод кардани мулку рӯзгори мардумро. Ҳукумати шӯройӣ роҳҳойи нав сохтанро дӯст медорад, чунки обод кардани мулк ва рӯзгори халқ муроду мақсади ӯст. Ба шарофати ҳамин сиёсати хирадмандонаи ҳизби коммунист, ҳизби Ленину Сталин, то охири панҷсола роҳи оҳан байни Самарқанд ва Панҷекат то Киштут сохта мешавад, ки сад километр тӯл дорад. Ҳамзамон сохтмони роҳи мошингард аз Сталинобод то ба Киштут ба охир мерасад, ки яксаду даҳ километр аст ва роҳи байни пойтахт ва се округи шимолиро даҳ баробар кӯтоҳ мекунад…
Ва дар панҷсолаи панҷум воқеъият тамоман ранги дигар гирифт, – акнун касе, ки забони русиро надонад, ба остонаи мансаб роҳ намедоданд, ва съездҳову сессияҳову конференсияҳову маҷлисҳои фаъолон ба забони урусӣ мегузашт ва ҳуҷҷатгузорӣ, аз кӯдакистон то ба шӯройи олӣ, ба забони урусӣ буд, ва вазоратҳойи маорифу фарҳанг фармону дастурҳояшонро ба забони урусӣ менавиштанд, ва вазоарти тандурустӣ маҷалла дошт, ки дарду дармонҳоро ба хосу ом бояд бифаҳмонад, ва он ҳам бо забони урусӣ таблиғот мебурд, ва дар иттифоқи нависандагон, ки як аъзои русзабон дошт, дар маҷлису маҳфилҳо бо забони русӣ сухан мегуфтанд, ки миллатгаройӣ нашавад ва дӯстии халқҳо зарар набинад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо