Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вале гап аз имрӯз меравад. Имрӯз, бо забони худат гуфтӣ, ки ҳолатон чунон будаасту баъди инқилоби октябр чунин шудааст. Пас, хулосаи мантиқӣ он аст, ки ман гуфтам. Он тарафаш ба ҳолу аҳволи ҳозира чандон муҳим нест. Муҳим нест, ки мурдаҳо чӣ корҳо карда будаанд. Муҳим ин аст, ки зиндаҳо чӣ корҳо мекунанд.
Ва дар толори калони Кремл рӯзи панҷум аст, ки вакилон аз минбар ваъз мегуфтанду шиор мепартофтанд, ва ҳозирони толор каф мекӯфтанд, ва радиои СССР ин суханҳоро ва ин кафкӯбиҳоро ба оламиён мешунавонид ва телевизиони СССР ба ҷаҳониён нишон медод; ва дувоздаҳ рӯзи расо шунавониданду нишон доданд, ки ҳар рӯз чаҳор маротиба, – ду бор вақти ба толор даромадани аъзоёни раёсат ва ду бор ҳангоми аз толор баромадани онҳо, – аҳли толор барқад рост мехезанд ва каф мекӯбанд мавҷи ба мавҷ; ва нотиқ соф аз зафарҳо дар мамлакат сухан гӯяд, раёсатнишинон аҳлонаву бо ҳавсала каф ба каф мезананд, ва нотиқ музаффариятҳоро ном бараду мушкилаҳоро ёдовар шавад, толорнишинон бе завқу шавқ кафкӯбӣ мекунанд.
Ва октябрятҳо, пионерони оянда, ва пионерон, комсомолони оянда, ва комсомолон, коммунистони оянда, ки давомдиҳандагони кори бунёдгузорони ҷомеъаи сотсиалистӣ ҳастанд, ва ғалабаи коммунизмро таъмин хоҳанд кард, маҳфилҳову маҷлисҳову конфронсҳо меоростанд, ва қарорҳову дастурҳойи Съездро мехонданд, шарҳу эзоҳ медоданд ва якдилона ӯҳдадорӣ мегирифтанд; «роҳи ҳизб, роҳи мост. Ҳизб фармояд, мо иҷро мекунем! Аз ҳизб гуфтан, аз мо кардан!»
Ва бино ба анъана ва ба тақозои одат, – дар оғоз ва анҷоми ҳар як съезди ҳизб ва дар рӯзҳойи иди инқилоби кабири Октиябр, Соли нав, Ҳаштуми март ва Якуми май,
– вожатий пионеронро, ки аслан ҳамаи талабаҳойи мактабро фаро мегирифт, ба майдони саҳн баровард, саф кашонид, ва ба гурӯҳҳо тақсим кард ва гурӯҳҳо бо мусобиқа давиданду ҷаҳиданду дар турник кашиданду вазнбардорӣ

пешина
аз 435
навбатӣ