Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

карданд, ва дар анҷом боз саф оростанд, ва вожатий дар
рӯ ба рӯйи саф истод ва ба онҳо муроҷиат кард:
– Бачаҳойи хушбахт дар ҷаҳон кадом бачаҳоянд?
Пионерон аз як забон:
– Бачаҳойи Иттиҳоди Шӯройӣ!
Вожатий:
– Хушбахттарин мардуми олам кадом мардуманд?
Пионерон бо як забон:
– Мардуми Иттиҳоди Шӯройӣ!
Вожатий:
– Одилтарин давлат кадом давлат аст?
Пионерон бо як овоз:
– Давлати Иттиҳоди Шӯройӣ!

2 Ва Муродгул аз Москов, аз Съезд, хеле рӯҳбаланд ва хеле бардаму бақувват баргашт, – вақтҳойи охир анча рӯҳафтода ва анча хаста шуда буд ва дар сару дар дилаш зуд-зуд ҳаргуна андешаҳойи ногувор чарх мезад, ва хусусан шабҳо ғам мехӯрду азоб мекашид; ва азоб мекашид, ки «одамони дар назар афту андомашон дупадуруст, аз рафтору кирдорҳойи бадашон дар назди мардум, шарм намекунанд, азоб намекашанд».
Ва боре ба райони А. рафт барои ширкат ба машварати фаъолон. Ва дар сари зинаи бинойи ҳукумат, бо котиби якуми ҳизби коммунистии райком, рост истода сӯҳбат мекард; ва фаъолон, яъне мансабдорон, аз ҳар идора мошинсавор меомаданд, ва аз мошинҳо бо савлат мефуромаданд, ва шикамбаву шикамчаҳояшонро пеш бароварда бо виқор то зинапоя мерасиданд, ва аз зинапоя бо ниқоби фурӯтанӣ мебаромаданд, чунки дар боло раиси облисполком истодааст, ва бо тамаллуқ салом медоданд, ва якпаҳлуву нимрӯя дохили бино мешуданд, то ки пушташон ҷониби Раису Котиб набошад. Ва қариб ҳамаашон шикамҳойи дамида доштанд; ва Муродгул ба котиб гуфт:
– Фаъолҳоятон, аксарияташ, ҳомиладор барин.
– Таъомул ҳамин хел шудааст, – ҷавоб дод котиб. – Андаке шикамаш баромадагӣ набошад, калонзеб нест.

пешина
аз 435
навбатӣ