ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Занҳо озодона дар кӯчаву бозор бо рӯйи кушода мегарданд. Имрӯз чунин озодиро мебинанд дар сари ҳар қадам. Дирӯз пуле месохтанд вақти кам шудани оби рӯд. Вақти обхез он пулро меканду мебурд. То гузаштани мавсими обхезӣ аз ин тарафи рӯд ба он тарафи рӯд роҳ набуд. Имрӯз пул месозанд баланду мустаҳкам. Чор фасли сол роҳ кушода. Дирӯз…
– Кифоя, Муродгул! Дигар мисол набиёрӣ ҳам мешавад. Ҳамааш маълум шуд.
– Чӣ маълум шуд?!
– Маълум шуд, ки шумо мардуми хеле ҳақир будаед.
Нотавон, бечора, ғофил, дунёбехабар. Қаҳрат набиёяд, мардуми танбал, беҳунар. Ҳар чизи хубе, ки доред, худатон бо ақлу дасти худ накардаед. Дигарон кардаанду ба шумоён доданд. Аз қатор мисолҳое, ки овардӣ, яктааш росту дуруст бошад, шумо сад дар сад ҳақ доред, ки аз ҳукумати шӯройӣ, аз замин то осмон, розӣ бошед. Миннатдору сипосгузор бошед. Ҳар қадар ҳамду сано гӯед, боз кам аст. Лекин ҳол дар ватани мо дигар аст. Мо ҳарчи ки дорем, худамон бунёд гузоштаем. Касе чизе ба мо надодааст. Бале, надодаанд. Баракс, аз мо гирифтаанд. Бо ҷабру зулм гирифтаанд. Бино бар ин ҳукумати шӯройӣ, дар назди мо, озодибахшу наҷотбахшу ободгар нест, истилогар аст, ғоратгар аст, ғосиб аст.
– Ту Марди-Ристе, аз муқоисаҳойи ман хулосаҳойи нодуруст баровардӣ. Мардуми мо танбалу беҳунар нестанд.
Ман фарқи феодализму сотсиализмро гуфтанӣ будам. Дар асл мо таърихи куҳан ва фарҳанги ғание дорем. Ту ки таърихи моро, шояд, надонӣ ва нахондаӣ, аз асли воқеъа хабар надорӣ ва хулосаҳоят чандон воқеъбинона нестанд.
Мо дар таърихи тамаддуни ҷаҳон ҷойгоҳи хосе дорем.
Ҳатто бузургони илму фарҳанги Аврупо саҳми олимону адибони моро эътироф кардаанд. Ба онҳо тақлид кардаанд. Аз онҳо ибрат гирифтаанд. Масалан, Ҳуте ва Пушкин…
– Рост мегӯйӣ, Муродгул. Ман таърихи шуморо нахондаам, намедонам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо