Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва дар Мурғоб подабонеро қутос шох зада гӯшти лингашро даронид, ва хабар, ки ба вазорати тандурустӣ расид, чархбол фиристода ба Сталинобод оварданд ва табобат карданд.
Ва дар Москов Марди-Ристе, бо оҳанги савол ва андаке бо тамасхур, аз Муродгул пурсид:
– Шумо мардум, ҳаргоҳ сухан аз ҳукумати шӯройӣ равад, бо шавқу завқ мегӯед, ки «дирӯз афсона буд, имрӯз ҳақиқат шуд». Ҳамин гапу ҳамин сипосгузорӣ чӣ маъно дорад?
Онҳо, Муродгул аз Тоҷикистон ва Марди-Ристе аз Эстония, вакили съезди бистуми ҳизби коммунистии иттиҳоди шӯравӣ буданд, ва ин ҳизб ба мартабае расида буд, ки номашро бо ҳарфҳои калон ва номи дигар ҳизбҳойи коммунистии ҷаҳонро бо ҳарфҳои хурд менавиштанд; ва дар толори калони Кремл, ки аз тамоми давлатҳойи рӯи замин вакил омада буд, се рӯз боз паҳлӯ ба паҳлӯ менишастанд, ва дар меҳмонхона ҳуҷраҳояшон ҳам паҳлӯ ба паҳлӯ буд, ва гуфтугӯву нишасту хези якҷоя, ки доштанд, дугона шуданд гӯё, ва дар ҳуҷраҳойи якдигар дастархон мекушоданду сӯҳбат мекарданд.
– Дирӯз орзуи ширин буду хаёли рангин, Имрӯз ҳақиқати ҳол шудасту воқеъияти рӯзгор, – ҷавоб дод Муродгул. – Осонашро гирем, панҷоҳ сол пеш бедорфикрони мо орзу доштанд, ки бачаҳо дар мактаб хондану навиштанро баробар ёд гиранд. Медонед, оқибаташ чӣ шуд? Муқобилон чунон ба шӯр омаданд, ки тарафдорони ин ақидаро саркӯбу бадарға карданд. Имрӯз дар мактаб, на фақат хондану навиштан, балки илмҳойи чорамал, ҷуғрофия, таърих, физика, химия ва ғайраро ёд медиҳанд. Дирӯз фозилони мо орзу мекарданд, ки як рӯзнома ба забони модариашон нашр шавад. Имрӯз панҷ рӯзнома ва се маҷалла нашр мешавад ва хаткашон хона ба хона бурда медиҳад. Дирӯз занҳо аз афсонагӯйҳо мешуниданд, ки дар як макон, дар як замон, зану мард баробарҳуқуқанд.

пешина
аз 435
навбатӣ