ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва ҳукумати шӯройӣ адолати иҷтимойӣ ва сиёсиро дар мулкаш сахт пуштибонӣ ва ҳалол риоя мекард, – ба сарвазир ва прокурор ва деҳқони хокпош, як хел, як андоза, замин дод, на каму зиёд; ва дар меъмориву иморат кардан ҳамагуна зебу ороишу дабдаба, аз қабили шаҳсутунҳойи қатор ва тоқу тоқчаҳойи бисёр ва гунбазҳойу равоқро барҳам дод, ки худнамойии сарватмандони муфтхӯр аст, ва одамонро ҷудо мекунад ба хосу ом, ба дорову нодорам, ва умуман дар рӯзгори мардум як чизи зиёдатии нодаркор, ки ба дарди коргару деҳқон намехӯрад, ва боқимондаи тафаккури феодаливу капиталистист; ва хонаҳо месохтанд арзонбаҳову бисёр, то ки ҳама соҳиби манзил бишавад; ва ҳар як корхона ташкилоти иттифоқи касаба дошт, ки ҳуқуқи коргаронашро ҳимоя мекард. Ва аз рӯзи нахусти ба кор омаданаш, дар навбат мемонд ва навбаташ ки расид, хона медод мутобиқ ба аҳли оилааш, – танҳо бошад, як хона ва фарзанддор бошад, ду хонаву сехонаву…
Ва ҳангоме ки дар Осиёи Миёна ба номи ҳар як миллат як давлати алоҳида сохтанд, ба Тоҷикистон фақат деҳаҳоро доданд, аз шаҳрҳояш ақалан якто ҳам надоданд; ва тоҷикон чандин маҷлис оростанд ва чанд моҳ баҳс карданд ва оқибат қарор бароварданд, ки «аз деҳаи Душанбе шаҳр месозем, Душанберо пойтахт мекунем, ва, ба кӯрии камбинону бадхоҳон, Сталинобод ном мегузорем, ки онҳо ҳасад бурдаву сӯхта гарданд».. Ва аз шаҳри Самарқанд Олим оварданду Президенти академияи илмҳо таъин карданд, ва аз шаҳри Бухоро устодони «Шашмақом»-ро даъват карданд ва хонаву ҷо доданд ва оҳангҳои мақомҳоро сабт намуданд, ва …
Ва пахтаро мошин мечинд ва Файзӣ Мухторов, ки дар ҷумҳурӣ, бо комбайн, аз ҳама зиёд пахта чинд, мукофоти олии СССР, унвони Қаҳрамони кори сотсиалистиро гирифт, ва имтиёз доданд, ки метавонад бо пули худаш, бенавбат, мошини сабукрави «Волга» бихарад; ва ба Хосият Ашӯрова ордени Ленин ва роҳхат ба Москов, ба Намоишгоҳи дастовардҳойи хоҷагии халқ доданд, ки аз ҳар сар модагов сесаду чил литр шир дӯшидааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо