Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шаҳр баромада наметавонем. Афсарон бо мо чунон муомила мекунанд, ки гӯё мо ғуломи онҳо бошем.
Ва командирони ротаҳо давида омаданд. Командири баталион омад. Командири полк омад. Ва бо фармону таҳдид аз ошхона бароварданд, ва дар берун, рота ба рота, саф кашониданд, ва бино ба устави ҳарбӣ рафтору кирдори онҳоро маҳкум карданд, ва муттаҳам донистанд, ва панҷ нафарашонро дар ҳамон ҷо, ҳамчун иғвоандоз ва саркардаи балво, ба ҳабс гирифтанд. Ва лаҳзае, ки маҳбусонро аз пеши сафи ротаи панҷум, ҳамон ротае, ки барои рӯзнома хондани як нафар, комбат се соат дар майдон давонд ва ҷонашонро ба ҳалқашон овард, гузаронида ҷониби гаупвахта мебурданд, аскарони рота яклухт ва якбора ҳуҷум оварданд, ва камони посбонҳоро кашида гирифтанд, ва рафиқонашонро озод карданд; ва комбат фармон дод:
– Паронед онҳоро!
Ва садойи тир набаромад, – ҳама сафи аскарон омехта шуданд ва ба афсарон муқобил истоданд. Ва рӯзномаи «Самарқанд» варақа бароварду варақа паҳн кард: «Вақти озодии мо расид! Рафиқон! Даст ба дасти якдигар диҳед.
Ба ёрии бародаронатон бархезед! Муттаҳид шавед! Бидонед, ки шумо озодӣ ва ҳаққу ҳуқуқи инсониатонро фақат ба иттиҳод ва фақат бо муборизаи боисрор ба даст оварда метавонед».
Ва рафиқон бархестанду муттаҳид шуданд, – коргарони роҳи оҳан бархестанд ва рафтуомади поездҳо қатъ гардид; ва полисмейстри шаҳр доду фарёд бардошт, ки ба мадади полисҳойи вокзал дастаҳойи илова фиристонед; ва қувваҳойи илова ба вокзал нарасида, коргарони зовуди собун бархестанд, ва аробакашон ва машкобон ва ҳаммолон бархестанду ба аскарон ва коргарон пайвастанд; ва чорбоғи шаҳр пур–пури одам шуд, ва байрақҳо ва шиорҳо мавҷ мезад; ва губернатор бо казакҳояш ба чорбоғ омад, ва ғулғула хест:
– Ҳокимият ба шӯроҳо дода шавад.

пешина
аз 435
навбатӣ