Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Шӯроҳойи аскару коргар гиранд ҳокимиятро.
– Генерал-губернатор Сахаров хунхор. Вай хуни ноҳақ рехт. Баройи куштор дар қалъаи Тошканд вай гунаҳкор.
Сахаровро ба ҷавобгарӣ кашидан даркор…
Ва шаҳр симо дигар кард, – тагу рӯ шуд, ва дари дӯконҳоро бастанд ва бозорҳо дар як соат хоп–холӣ гардид, ва аҳолиро ваҳму ҳарос фаро гирифт:
– Ба рӯзи мабодо ягон чиз захира кунед.
Ва пиру ҷавон, дар ҳар ҷойе, ҳар чизе медиданд, даркор ҳаст, ё даркор нест, ба ҳар эҳтимол мехариданд.
Ва телефону телеграфи Самарқанд ва Тошканд, байни ситоди инқилобиён, хабар мебурд ва хабар меовард.
Самарқанд:
– Сахаровро дастгир кардетон?
Тошканд:
– Не. Алҳол дастгир нашудааст. Дераш фардо ба ҳабс мегирем.
Самарқанд:
– Халқ ба шӯр омадагӣ. Талаб мекунад, ки ба ҳабс гиред. Ба суд диҳед. Бароварда дар майдони қалъаи Тошканд, дар пеши чашми халқ суд кунед. Ба ҳамаи ин балову офат, ки ба сари халқ омадааст, генерал-губернатор Сахаров гунаҳкор аст. Ҷавобашро диҳед.
Тошканд:
– Сахаров руст шудааст. Ҳоло ҷояшро наёфтаем. Меёбем. Гуфтаст, ки сарамро арзон намедиҳам. Шаҳрро ғарқоби хун мекунам.
Самарқанд:
– Ёрӣ даркор бошад, мо аскар фиристонем.
Тошканд:
– Алҳол зарур нест. Лозим шавад, ба шумоён хабар медиҳем. Чӣ ёрӣ дода метавонед?
Самарқанд:
– Озуқа. Аслиҳа. Поезди ҳарбӣ… Гарнизони Тошканд ба тарафи шумо гузашт?
Тошканд:

пешина
аз 435
навбатӣ