ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва сипас, дувоздаҳ нафарашро бурда дар ҳабсхона партофтанд, ва нӯҳ нафараш ба бадарға ҳукм шуд. Ва Катамуроди човандоз ҳамон шаб ёру дӯстонашро ғун овард, ва баъди нисфи шаб ба ҳабсхона ҳуҷум кард, ва он бисту як нафарро ҳамроҳ гирифт, ва ба саҳро рафт, ва андак вақте нагузашта ба мирӣ ном баровард.
Ва дар волости Н. интихоби волостной буд, ва аз дастгоҳи генерал–губернатор намоянда омад; ва бо вакилоне, ки ҳар кадомаш аз номи панҷоҳ кас овоз медод, дар масҷид машварат кард, ва қарор доданд, ки пешниҳоди пристав капитан Котович шоистаи дастгирист, – Мирзобойро властной интихоб мекунем, вай забони русиро хуб медонад; ва бо ҳамин ният пеши мардум баромаданд, ва мардум ин пешниҳодро рад карданд, – Мирзобой одами худпараст, вай парвойи гарму сарди рӯзгори халқ надорад. Ва ҷанҷол хест, ва мардум намояндаи генерал– губернатор ва пристав Котович ва он вакилоне, ки ҳар кадомаш намояндаи панҷоҳ нафар буд, тела дода ва зада аз маҷлис пеш карданд, ва одами ба худашон маъқулро волостной бардоштанд.
Ва дар Ӯротеппа ба сари раиси уезд дӯғ заданд, – «Ҳай кун харата! Аз куҷое омадӣ, ба ҳамон ҷо рав! Андози навро намедиҳем!» Ва пеш карданд ӯро. Ва андозро надоданд. Ва дар уезди Хуҷанд аҳолии панҷ деҳа белу каланд ва чӯбу санг гирифта ба саҳро баромаданд ва заминҳойи вақфро, ки ба мадрасаи Рустамбек тааллуқ дошт, ғасб карда гирифтанд…
Ва граф Пален аз Петербург, барои тафтиши ҳол, ба кишвари Туркистон омад, ва генерал–губернатор ба волостной супориш дод, ки меҳмони олиқадрро дар остонаи шаҳр, бо нону намак, бо карнаю сурнай ва бо рақсу суруд, пешвоз бигиранд; ва волостной ба маҳаллаҳо одам фиристонд, ва он одамон рафтанду аз дашти сӯхта ва замини сафолакбаста, аз кулбаҳойи хаспӯш ва сари чоҳи оби шӯр ва боғҳойи нимхушк ва палакҳойи хазонзада, халқро хабар карданду оварданд сари роҳ, ва саф оростанд, ва имоми масҷид ваъз гуфт, ки «бо рӯйи туршу сари хам наистед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё