ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Бо чеҳраҳойи кушода ва сари баланд истед.
Меҳмони олиқадр шуморо бинаду хурсанд бишавад. Ба дилаш фараҳ дарояд. Бигзор, донад ки мо дар сояи давлати Императори Аъзам, рӯзгори осоишта дорем… Бахти мо будааст, ки дар сарамон чунин подшоҳ ҳаст».
Ва ҳар касе, ки ақлаш даромадааст, баъди чунин ваъз, ки ҳафтоду ҳафт бор шунидааст, бо ҳар баҳона, – об мехӯрам, халоҷо меравам, чорух поямро зад, дойраро тасфонам, ба ҳамсоя як даҳон гапи зарур дорам, – аз саф баромад ва гурехт; ва меҳмони олиқадрро як мушт кӯдаки пойлуч ва сурнайнавоз ва ду-се рақосаву се-чор овозхон, ки илоҷи гурез надоштанд, ва як гурӯҳ амалдор, истиқбол карданд. Ва граф Пален дар ахбораш ба Петербург навишт: «Мо ба мардуми таҳҷойӣ назари нописандӣ дорем. Инҳоро одамони паст мешуморем. Ба фаҳми мо инҳо хислати ғуломӣ доранд. Чӣ будани иззати нафсро намедонанд. Лекин алҳол вазъи рӯҳии инҳо тамоман дигар аст.
Аз ваҷоҳат ва рафторашон маълум, ки агар даст ёбанд, саркашиҳойи хеле бебокона мекунанд. Инҳо он мардуми пештара не. Пеш бе миннат, бо сари хам кору итоат мекарданд, истироҳат надоштанд, табобат надоштанд. Дар кулбаҳойи торик ва заҳу нам ва пур аз кайку кана зиндагӣ мекарданд, вале розӣ буданд, эътироз надоштанд. Акнун розӣ нестанд, эътироз мекунанд, сар мебардоранд, чангу балво мехезонанд». Ва аз Петербург телеграф доданд:
«Сари саркашонро зада бишканед. Тиру доруро дареғ надоред!».
Ва ҳукумати подшоҳӣ, бо ҳабсу бадарға ва бо полису аскар, сарбардоштаҳоро сар мешикаст, ва дар як ҷо фурӯ нишонад, дар се ҷойи дигар авҷ мегирифт; ва Империяи Русия, аз Қафкоз то Хабаровск ва аз Осиёи Миёна то Шарқи дур, ба ҷунбиш омад. Ва ин ҷунбиши оммавиро ҳизбҳойи инқилобӣ дастгирӣ ва ташкил ва роҳбарӣ мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё