Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Намеравем! Ба хона ҳам намеравем, ба ҷанг ҳам намеравем.
– Наравед, ба худатон ҷабр мекунед.
– Намеравем! Аз онҳое, ки ба мо ҷабр кардаанд, қасдамонро мегирем!
Ва анбӯҳи одамӣ дарвозаро пахш кард, ва аз даруни бино фавҷи полису аскар берун давид ва тир кушод, ва издиҳом пош хӯрд, ва дар шаҳр ҳолати ҳарбӣ ҷорӣ шуд; ва ҳафтсад марде, ки аз Қистакӯз ба мадади хуҷандиён омаданд, субҳи рӯзи дигар ба шаҳр расиданд, вале аскару полис роҳ надоданд, ки дарун дароянд…
Ва шӯриши хуҷандиёнро, бо зарби тиру туфанг ва куштору сӯхтор, хобонданд; ва дар пайравии хуҷандиён мардони шаҳрҳойи дигар бархестанд, – мардуми Ургут шӯриш карданд; дар Самарқанд ва Тошканд аҳолӣ ба майдонҳо баромада, ба зидди сиёсати Императори Аъзам шиорҳо баланд бардоштанд; дар Фарғона ҷунбиши халқӣ ба вуҷуд омад; ва дар Ӯротеппа ва дар Ашт ва дар Панҷекат ва дар Қаршӣ ва дар Қубодиён ва дар Ғарм ва дар Қалъаи лаби об мардум роҳи исёнро пеш гирифтанд…
Ва хабари эътирозҳову шӯришҳову исёнҳо дар як шабу рӯз аз Петербург ба Самарқанд ва аз Тошканд ба Хоруғ мерасид, ва фаълаву деҳқон аз Москов то ба Бодкӯба ва аз Харков то ба Фарғона як ормон доштанд, – рӯзгори беҳтаре мехоҳем! Ва дар талоши ба он рӯзи беҳбуд расидан коргарони зовудҳойи мошинбарорӣ, пахтакашӣ, чармгарӣ, собунпазӣ, матоъбофӣ, ва дар конҳойи тилло, сурма, ангишт коршиканӣ мекарданд. Ва заминкорон хонумони заминдоронро месӯхтанд, ва бекорон тӯда шуда, ҷониби шаҳрҳо ба суроғи кор мерафтанд, ва ҳар одаме, ки якпула мансаб дошт, аз корафтодаҳо сад пул ришва меситонид… Ва халқ захирае аз хӯрданӣ надошт, – алаф ва решаи алаф мехӯрд; ва ба кор дар тобистон дасташ хунук мехӯрд, ва аз додани андоз саркашӣ мекард, ва ба ҳашар намебаромад; ва дар Миёнкол, бо фармоиши раиси уезд, бисту як одамро дар майдони лаби ҳавз қатор рӯйи замин хобониданд ва панҷоҳ тозиёна заданд, ки «ҳар касе ба ҳашари каналковӣ наравад, сазояш ҳамин!»

пешина
аз 435
навбатӣ