ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва дар Осиёи Миёна қасди фақирон қасд гирифтан аз дороёни диёр ва пуштибонҳойи онҳо аз Русия буд, ва дар Русия фирқаҳойи инқилобӣ коргару муздуронро даъвату муттаҳид мекарданд, ки тартиботи куҳнаро бишкананд ва тартиботи коргару деҳқонро барпо намоянд; ва дар ҷаҳон давлатҳое, ки зовуду фабрикаҳо ва дастгоҳҳойи бузурги молбарорӣ ва техникаи рӯзафзун ва иқтисоди пурқувват ва силоҳҳойи оташфишони дурзан ва лашкари бонизом доштанд, даъвойи бузургиву муқтадирӣ мекарданд, ва дар тараддуд ва талош буданд, ки мамлакатҳойи бештареро фурӯ баранд, ва дар ин замина байни якдигар рақобати нонӣ ва ҷониро тарҳ мекашиданд. Ва Германия бо Австро- Венгрия аҳд бастанд, ки дар ҳар шароит дасти якдигарро мегиранд; ва Юнон ва Италия ба ин Аҳднома шарик шуданд, ки коратон дуруст ва мо ҳамфикру ҳамроҳи шумо. Ва ба рағми онҳо Англия бо Франсия шартнома баст, ки дар сиёсат аз як гиребон сар мебарорем; ва Русия ба инҳо шарик шуд, ки мо ҳам дар ҳамин хаёл будем. Ва зӯроварони ҷаҳон ду гурӯҳи мухолиф шуданд ва ду иттиҳод барпо карданд, – иттиҳоди сегона ва иттиҳоди Антанта. Ва нуздаҳуми июл, соли як ҳазору нӯҳсаду чордаҳ, қувваҳойи ҳарбиву манфиатҳойи иқтисодии ин ду иттиҳоду иттифоқ ба ҳам бархӯрданд, ва Ҷанги Якуми Ҷаҳон сар шуд. Бо як баҳонаи ночиз сар шуд ҷанг, – кадом як шоҳзодаи ҳарҷогардро куштанд, ва ин ҳодиса дар Сербия рӯй дод, ва сербҳо гуфтанд, ки кори ношуданӣ шуд, мо хунбаҳояшро, ҳар чӣ талаб кунед, розӣ ҳастем, ки бидиҳем. Вале даъвогарон австро-венгерҳо қабул накарданд, омодаи ҷанг шуданд, ва шарикашон Германия, ки ташкили иттиҳод ташаббуси вай буд, ва аз нав тақсим кардани ҷаҳонро орзу мекард, онҳоро афра дод, ки сулҳ накунед, ҷанг кунед, зеро Антанта ноҳақ нисфи кураи заминро мустамлика кард, ва ҳаққу ҳуқуқи моро нашинохт, ва мо бояд қудрат нишон бидиҳем, ва ҳаққи худро бо зӯри силоҳ бигирем. Ва австровенгерҳо ба муқобили сербҳо ҷанг эълон кард, ва Русия тарафдори Сербия шуду ба майдон даромад, ва Германия тарафи Австро-Венгрияро гирифт, ва бо Русия ва Франсия лашкар кашид, ва Англия ба рағми Германия бархест, ва Юнон ва Италия ба ёрии Германия камар бастанд, ва Америка ба мадади Антанта омад, ва ҷанг рӯйи ҷаҳонро фаро гирифт, ва ба гурӯҳи Антанта бисту панҷ мамлакат, ва ба гурӯҳи Сегона сенздаҳ давлат дохил шуданд; ва як миллиарду панҷсад ҳазор одам дар ин ҳайҷойи азим ҳаёт ба сар мебурданд, ва ин ҷанг даҳ миллион мардро кушт, ва бист миллион мардро маҷрӯҳ кард, ва…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё