Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва давлати пуршавкати Вся Русия бемадор шуд, ва андозҳойи нав ба нав мебаровард; ва вазорати ҳарбӣ, ки ба қобилияти ҷанговарии халқи Осиёи Миёна бо чашми бад менигарист, ва ба садоқаташон бовар надошт, зарур бошад, раво бошад, гуфтагӣ барин, фармон баровард, ки мардони нуздаҳсола то чилу сесола ба хидмати ҳарбӣ даъват шаванд, ва дар ақибгоҳ ва дар боркашониву хандақ кандан кор бикунанд. Ва Азизмурод он фармонро тарҷима карда, бо замимааш ба уездҳо ва волостҳо мефиристонид, ки то фалон рӯз фалон қадар одам ҷамъ биёваранд, ва ба фалон шаҳр, ба фалон маҳал, ба фалон вокзал биёранд, ва ё фиристонанд.
Ва ба уезди Хуҷанд, супориш буд, ки ҳашт ҳазору нӯҳсаду чилу ҳашт одам бидиҳад барои фронт. Ва мардоне, ки пахта мекоранд, аз ин ӯҳдадорӣ озод буданд. Ва маъракаи номнавис кардани мардон, ва тартиб додани рӯйхати онҳое, ки бояд ба фронт раванд, оғоз гирифт. Ва бозори хислати куҳна – ришва додану ришва хӯрдан, ва фиребу найранг гарм шуд. Мансабдорон аҳли авлодашонро аз ин дахмаса халос карданд, – ба рӯйхат дохил нашуданд онҳо. Эшонзодаҳо ҳуҷҷатҳойи қалбакӣ ёфтанд, ки ба киштукори пахта машғуланд. Дороҳо пул дода, ҷони хешу таборашонро хариданд. Ҳилагарон, ба воситайи табибони ҳаромхӯр ва шоҳидони муфтхӯр, далел оварданд, ки ба дарди сил ва шайтонлабӣ ва диққи нафас ва дар ҷогаҳ мезидан, гирифторанд. Ва ба рӯйхат даромаданд мардони сарбаланд, ки гапи ҳар касро намехӯрданд, ва мардони забонашон тез, ва мардони бепулу бепушту паноҳ.

пешина
аз 435
навбатӣ