Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вагарна аз ин яккатозиҳо манфиате нест, талафи беҳуда бисёр аст.
Ва полки Урал, ки ба Самарқанд омад, дар деҳаи Ҷом ҷой гирифт, ва Амири Бухоро ба ташвиш афтод, ва Қушбегиро, ки забони русиро андаке медонист, ҳамроҳ гирифт ва ба Когон, ба саломи гумоштаи Русия ҷаноби Каблуков рафт, ва аз ҷомаву шириниву меваҳойи полезиву ҷавоҳирот дастовези амирона бурд, ва Қушбегӣ аз забони амир арзи гилаолуд кард:
– Дар назди мо Русия ба монанди як дарахти азамат ва мустаҳкам аст. Мо дар сояи ҳамин дарахт маскан гирифтаем. Дудаста ба ҳамин дарахт часпидаем. Русия обод ва муқтадир бошад, файзаш ба мо мерасад. Мо ҳам ободу осуда мешавем. Мо ба ғаври ин маънӣ расидаем. Аммо овозаҳое ба гӯш мерасад, ки Русия ба Ҷом аскари зиёде овардааст. Нияти ба Бухоро лашкаркашӣ дорад. Мо ба ин гапҳо бовар намекунем. Мо хуб медонем, ки барои Бухороро гирифтан, ҳеҷ ҳоҷате нест, ки Русия лашкари бисёр оварад. Бигзор, генерал–губернатор ба дасти як казак як қоғаз фиристонанд, ва гӯянд, ки аз кадом шаҳри Русия ба мо ҷой медиҳанд. Мо бечунучаро баромада меравем. Бе ҷангу ҷидол аморатро месупорем ба дасташон. Мо ёри ҷанги русия нестем.
Каблуков хандаи малеҳе кард:
– Шумо ёри вафодори мо ҳастед. Мо ба қадри ёрони вафодор мерасем. Он хел гапҳоро душманон паҳн мекунанд. Душманони мову шумо. Бовар накунед ба ин овозаҳо.
Бунёди ҳама ҷунбиш ва муноқиша ва балво ва шӯришҳо даъвойи шахсҳо ба шахсҳо ва даъвойи синфҳо ба синфҳо буд, ки «ту ҳаққи маро мехурӣ», ва «мо кор мекунем, шумо роҳат мебинед», ва «ҳокимияти шумо одилона нест, мо ҳокимиятро нав мекунем, одилона мекунем».
Ва фарқ танҳо дар макону замон аст, – дар ҷоеву замоне барои нони шикам ва дар ҷоеву замоне барои ҷаҳон гирифтан.

пешина
аз 435
навбатӣ