ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва баъди шонздаҳ рӯз аз ҳар гӯша ба губернатор хабарҳо расид: «Дуздони Гулмурод идораи маъмурии Ҷомро тороҷ карданд». «Ҳангоми бархӯрди казакҳо бо дастаи роҳзанон, дар Дархон устохонаи силоҳбарорӣ ёфт шуд.
Силоҳсоз як марди рус. Худи Гулмурод гурехт. Аспи нағз дошт». «Одамони Гулмурод дар бозорҳо мегарданд ва шахсони серпулро таги чашм мекунанд».
Ва генерал-губернатори Туркистон ба губернатори ҳарбии Самарқанд қатънома дод, ки «Ё вазифаатро ҳалол иҷро мекунӣ, ё ки мо чораҳойи дигар мебинем». Ва полки дуввуми Уралро ба ихтиёри вай фиристонд.
Ва дар Бухоро аз корномаҳойи Гулмурод, бо шавқу завқ ва сифатбандиҳойи афсонамонанд, қиссаву ҳикояҳо мегуфтанд; ва дар маҳфили домулло Исмат, ки аз шогирдони мулло Озодаи шаҳид буд, ва озодандешон гоҳу бегоҳ ғун меомаданд, Гулмуродро қаҳрамони даврон гуфтанд; ва домулло Исмат оҳи сард кашид:
– Зоҳиран қаҳрамон менамояд. Балки, ба як маънӣ, қаҳрамон ҳам ҳаст. Лекин қаҳрамонии авомона. Қаҳрамонии бехирадона.
Табъи ҳозирон хира шуд, ба мисле, ки онҳоро касе таҳқир карда бошад. Ва ҷавоне луқма дод:
– Устод, Гулмурод марди майдон. Кошкӣ, ба монанди вай дар Бухоро ҳам ёфт мешуд.
– Ба марди майдон буданаш шакку шубҳа нест. Аммо марди табаҳкор. Дилу нияти корҳойи бузург надорад. Ин ки чанд мансабдорро мекушаду ғорат мекунад, як худнамойии авомона аст. Аз ин корҳо ба халқ фойда не, зарар мерасад.
Деҳаҳо хароб мешавад, ҷону моли мардум барбод меравад, ятиму гадо меафзояд. Агар ҳамин ғайрату ҳимматашро оқилона ба кор гирад, обрӯву шӯҳраташро дуруст истифода барад, ва лашкари оростае дошта бошад, ва ободии мулк ва осоиши халқ аз ҳадафҳойи асосиаш шавад, он гоҳ қаҳрамон гӯем, арзандаву зебанда аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё