Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҷояшон, ки маълум шуд, фавран облава кунед». Ва хабар медоданд одамони боэътимод ҷойи шайкаҳоро, ва мардум, ки таваҷҷӯҳ доштанд ба «шайкаҳо», воқиф мешуданд ва огоҳ мекарданд Гулмуродро. Ва аскарон облава мекарданду шайкаҳоро намеёфтанд, – онҳо ҷой дигар карда буданд.
Ва губернатори ҳарбӣ, ба тариқи узр, ба генерал– губернатор хати маҳрамона навишт, ки «Гулмуроди дузд, ҳар ғанимате, ки аз мансабдорон ва дороҳо мегирад, ба камбағалу мӯҳтоҷон бахш мекунад. Дили онҳоро ба даст овардааст. Онҳо, бо ҳар восита ӯро тарафдорӣ мекунанд.
Ҷояшро намегӯянд. Дар хона ва оғилҳояшон руст мекунанд.
Аз омадан ва ниятҳойи мо пешакӣ ба ӯ хабар мерасонанд.
Ба вай аспу аслиҳа медиҳанд. Алҳол ёфтан, дастгир кардан, несту нобуд карданаш мушкилаҳойи зиёде дорад».
Ва бо ёрии хабаркашҳо ҷойи Гулмуродро ёфтанд ва деҳаро муҳосира карданд, – казакҳо аз беруни деҳа ва ёрони Гулмурод аз даруни деҳа оташ кушоданд. Ва командири казакҳо Казантсев дид, ки бо қуввае, ки дорад, ғолиб омада наметавонад, – ба Самарқанд чопар фиристонид, ва аз Самарқанд, аз полки чорум, сӣ нафар казак ба дастгирӣ омад. Тирпаронӣ танаффус надошт. Казакҳо аз шинак ба шинак пеш мерафтанд. Ва даме, ки аз ду тараф ба ҳавлиҳо даромаданд, ҳуҷуми онҳо осонтар шуд, ва бо пошнаи панҷтира дару дарвозаро шикаста, ва деворҳойи похсаро кандаву афтонда пеш мерафтанд. Ва ёрони Гулмурод ҳафт тан талаф доданд, ва як ҳавлиро сангар карданд, ки похсадевори баланде дошт, вале садд шуда натавонист, – казакҳо тарконданд, ва аз маҷрӯҳе, ки ба даст афтод, пурсиданд:
– Гулмурод дар куҷост?
– Дар таҳхона, – гуфт ӯ.
Деворҳойи хона фурӯ рафта буд. Казакҳо аз мардони деҳа даҳ-дувоздаҳ кас ғун оварданд, ва фармуданд, ки хоку кулӯхи рехтаро яктарафа бикунанд, ва аз зери хок, аз таҳхона, ду шаҳид ва се маслуқи асп бароварданд, ва панҷ нафар маҷрӯҳро асир ва ҳашт аспро ғанимат гирифта, ғолибона аз деҳа баромада рафтанд: ва полковник Сусанин барқия дод ба Петербург: «Дузди машҳур Гулмурод, ки дар вилояти Самарқанд роҳзаниву ғорат мекард, кушта шуд».

пешина
аз 435
навбатӣ