ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва агар қозӣ бошад, ба дарвозааш менавишт: «Шумо аз номи шариъат ҷону моли мардум ба худ ҳалол донистед. Мо аз номи мардум ҷону моли шумо ба худ ҳалол донистем». Ва агар арбоб бошад, дар болинаш хат мемонд: «Арбоб занад ба ҳар боб, гуфтеду халқро ғорат кардед. Мо ғорат кардем, ки задагиҳойи арбобро баргардонем ба халқ». Ва ин навиштаҳо шӯҳрат меёфтанд ва байни мардум эътиқоде устувор мешуд, ки «Дар шонаи Гулмурод пайи панҷаи Хӯҷаи Хизр ҳаст. Тиру шамшер таъсир намекунад. Аскари урус вайро кушта наметавонад».
Губернатори ҳарбии Самарқанд ба пристави Даҳбед супориш дод: «Гулмуроди дуздро зинда ё мурда дастгир кунед.
Ҳар чӣ тезтар, ҳамон қадар беҳтар». Ва пристав Олейников хабар паҳн кард, ки «ҳар кас ҷойи Гулмуродро гӯяд, даҳ ҳазор сӯм тӯҳфа мегирад», ва осиёбон Эшов, баъди даҳ рӯз, ба пристав хабар дод, ки «Гулмуроду одамонаш ин шаб ба ҳавлии ман омаданд». Ва Олейников, бо чилу як казаки тирандоз, роҳ кашид, ки Гулмуродро ғофилгир бикунад; ва хирманкӯбон, ки болои дӯнгие хирман доштанд ва гандум бод мекарданд, субҳи содиқ ҷониби деҳа омадани аскаронро диданд ва донистанд, ки ба сари Гулмурод мераванд, ва дастёре фиристода ӯро огоҳ карданд; ва аскар ба канори деҳа расида буд ва Гулмурод имкони фирор надошт, ва ҷанг даргирифт байни аскарону Гулмурод, ва аскарон аз чил нафар зиёдтар буданд, ва ёрони Гулмурод ҳамагӣ ёздаҳ тан. Ва ҷанги ёздаҳ бо чил, аз дами субҳ то қиёми офтоб тӯл кашид, ва Олейников нӯҳ казак талаф дод ва ақиб гашт, ва аз ёрони Гулмурод чортояшро асир бурд; ва аз ёрони Гулмурод, ба ғайр аз асир афтодаҳо, се нафари дигар ба шаҳодат расиданд.
Ва чорёри Гулмурод дар панҷ рӯз сиву панҷ нафар шуд, ва дар вилояти Самарқанд се дастаи мусаллаҳи дигар амал мекард, ки ба номи Гулмурод мегузашт. Ва губернатори ҳарбӣ ба ҳамаи волостҳо ва арбобони деҳот дастур фиристонид: «Аҳлона ва якҷоя мубориза баред. Бояд ки дар ҳама ҷо одамони боэътимод дошта бошед. Одамоне ки омадурафти шайкаҳоро сари вақт хабар диҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё