ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Вагарна рӯзгораш парешон ва шарафаш поймол хоҳад монд.
Ва одамони мубориз, дар ҳама ҷойи рӯйи ҷаҳон, бар ҳамин фикр буданд; ва дар Русия талошҳойи расидан ба чунин мақсад, шаҳру деҳа ва дару деворро фаро гирифта буд; ва шабу рӯз, пинҳону ошкор, талқин мекарданд, ки одаму оламро фақат ва фақат дороҳо бадбахт кардаанд, ва одаму оламро фақат ва фақат заҳматкашон метавонанд хушбахт бикунанд; ва доро бо хушӣ, бо хости худ, аз пулу мол ва айшу ишрат ва истисмори заҳматкаш, даст намекашад, ва ҳаққи ҳалоли муздурро намедиҳад, ва шарафи инсонии фаълаву деҳқонро поймол мекард ва минбаъд ҳам мекунад; ва заҳматкаш як роҳ дорад, – ҳаққи ҳалоли худро задаву кашида мегирад, ва шарафи худро бо зӯри бозу ва силоҳ ҳимоя мекунад; ва он вақт, ӯ ки дар асл соҳиби асосии молу мулки ҷаҳон ҳасту бо ҷабр бенасиб мондааст, дар воқеъ ҳам соҳиби молу мулк мешавад, ва неъматҳойи мавҷударо баробар тақсим мекунад, – касе ҳақ надорад, ки ҳаққи каси дигарро хӯрад…
Ва шӯриши бузурге, ки бояд ҳақро ба ҳақдор мерасонд,
– ҳукуматро аз дасти ашрофон зада мегирифту ба дасти заҳматкашон медод, – дар пойтахти императори Вся Русия шаҳри Петербург сахт шикаст хӯрд; ва сар то сари мамлакат шӯришҳоро пахш карданд; вале оташе, ки даргирифта буд, ниммурда шуду хомӯш нашуд. Ва байни мардум ҷудойӣ афтод, – халқ ба ду гурӯҳ ҷудо шуд. Гурӯҳи ашроф ва гурӯҳи ранҷкаш. Ва ранҷкашони як зовуд маслиҳат карданду ғун омаданду корро партофтанду берун рӯйи ҳавлии зовуд баромаданду ҷониби бинойи маъмурӣ даст ёзонданду даъвояшонро як ба як бо овози баланд шумурданд:
– Канӣ, берун бароед! Шумо аз мо чӣ фарқ доред, ки дар кӯшкҳойи барҳаво кайфу сафо доред, ва ба мо аз оғилхонаҳо ҷой додаед? Оғилхонае, ки андоваи девораш рехтагӣ, фаршаш наму заҳ, сақфаш дудзадаву торик. Корро мо мекунем, кайфро шумо мекунед?! Не, ин хел намешавад! Дар хонаи шумо чароғ фурӯзон, оташдонатон гарм.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё